Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ бамгузориҳои Бағдодро маҳкум кард


Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ аз ду инфиҷори рузи ҷумъа дар ду бозори шаҳри Бағдод изҳори ташвиш кард. Дар ин бамгузориҳо дастикам 99 нафар кушта шуданд. Оқои Моликӣ хостори ташдиди тадобири амниятӣ шуд. Дар изҳороти нахуствазири Ироқ омадааст, ба эҳтимоли зиёд террористҳо барои инфиҷорҳои интиҳорӣ аз ду зани бемори руҳӣ истифода кардаанд, ки он гувоҳи "пастфитратӣ"-и онҳост. Ҷумъаи гузашта хунинтарин руз дар Бағдод дар ним соли ахир будааст.
XS
SM
MD
LG