Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омири Ал Қоъида дар Афғонистон кушта шуд


Як саҳифаи интернетӣ, ки онро созмони террористии Ал-Қоида истифода мебарад, иттилоъ додааст, ки яке аз раҳбарони Ал-Қоъида дар Афғонистон Абу Лайс Ал-Либӣ ба қатл расидааст. Ба навиштаи саҳифаи интернетии Ихлос.орг Либӣ ба шаҳодат расид. Тафсилоти бештаре нашр нашудааст.
То кунун маълум нашудааст, ки марги ӯ бо мушакборони вилояти Шимоли Вазиристони Покистон иртибот дорад ё не?
Тахмин мешавад, ки ин мушакборон аз тарафи нерӯҳои ИМА амалӣ гардидааст. Либӣ, ки зодаи Либия аст, моҳи ноябри гузашта дар як навори видео ҳамроҳ бо Аймон Завоҳирӣ: шахси дуюми Ал-Қоида, зуҳур намуда, эълон карда буд, ки як гурӯҳи исломиҳои Либия ба ин созмони ҷангҷӯй ҳамроҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG