Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва фанновариҳои иттилоъотӣ


Маҷаллаи навбатии илм ва фанноварии радиои Озоди роҷеъ ба он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон то кадом андоза барои осонии кори худу мардум аз фанновариҳои иттилоъотӣ истифода мекунад. Мавзӯъи дигари маҷалла миёнсолӣ аст, ки ба гуфтаи ҷомеашиносон, дилгиркунандатарин айёми зиндагӣ мебошад.

Замин аз як фалокат раҳид

Рӯзи 29 январ як шиҳоби масоҳаташ 250 метрӣ аз назди курраи Замин гузар кард. Ин шиҳоб қариб 540 ҳазор километр дуртар аз мадори моҳ парвоз кардааст, ки ин аз назари меъёрҳои кайҳоншиносон масофаи чандон дуре ба ҳисоб намеравад. Олимон, ки бо диққат таркиби шиҳобҳоро меомӯзанд, мегӯянд бархурдани як шиҳоби начандон бузург ба Замин метавонад, фалокатҳои азиме дар пай дошта бошад. Ба гуфтаи олимон дар атрофи курраи Замин тақрибан 7 ҳазор адад шиҳоб чарх мезанад ва суқути онҳо ба Заминро низ аз эҳтимол дур намедонанд.

Тоҷикистон – яке аз бадтаринҳо дар бахши фанновариҳои нави иттилоъотӣ

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, омодагиҳои Тоҷикистон барои пазируфтани фанновариҳои нави иттилоъотӣ ва ё ҳукумати электронӣ дар ду соли гузашта бадтар шудааст. Дар гузориши тозаи Созмони Милал доир ба омодагиҳои кишварҳои ҷаҳон барои пазируфтани ҳукумати электронӣ, Тоҷикистон дар феҳрасти ин созмон аз зинаи 117 ба зинаи 132 лағжидааст.

Сатҳи истифода аз фанновариҳои иттилоъотӣ дар вазорату идораҳо, дастрасии мардум ба ин фанновариҳо, ки иҷрои кореро бисёр сабук мекунад, аз меъёрҳои аслии ҳукумати электронӣ аст.

Зарари хобкашӣ

Табибони куриёӣ мегӯянд, афроде, ки ҳангоми хобашон хуррок мекашанд, ба эҳтимоли зиёд мубталои бемории бронхити музмин мешаванд, ки ин бемориро асосан паёмади сигоркашии зиёд ва танаффуси ҳавои олуда медонанд. Аммо пажӯҳишгарони як маркази таҳқиқоти тиббии Сеул пойтахти Куриёи Ҷанубӣ мегӯянд, ки ҳанӯз маълум нест, ки чаро хурроккашӣ метавонад сабаби бемории бронхити музмин шавад.

40 – дилгиркунандатарин соли умри инсон

Миёнасолӣ воқеан бисёр дилгиркунанда аст ва афсурдаҳолӣ дар миёни афроди 40-сола чизест маъмулӣ. Ин аст хулосаи ҷомеашиносони Амрико ва Бритониё, ки баъди пажӯҳиши иттилоъот аз 80 кишвари дунё ба чунин натиҷа расидаанд. Ҷомеашиносон мегӯянд, афсурдаҳолии мардону занон батадриҷ зиёд мешавад ва дар синни 40 солагӣ ба авҷи худ мерасад ва ин падида дар 72 кишвар сар аз Албания то Зимбабве мушоҳида шудааст. Аммо хабари хуб ин аст, ки ба гуфтаи ҷомеашиносони Бритониё ва Амрико агар инсонҳо то 70 сол умр бинанд ва тандуруст бошанд, худро мисли ҷавони 20 сола хушбахт ва аз назари равонӣ солим эҳсос мекардаанд. Дигар ин ки ба гуфтаи Эндрю Освалд , миёнсолон баъди расидан ба синни 50 он замони дилгиркунандаро паси сар мекунанд.

XS
SM
MD
LG