Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз обхезиҳои баҳори имсол


Баҳори имсол эҳтимолан обхезиҳои зиёдро дар пай хоҳад дошт
Баҳори имсол эҳтимолан обхезиҳои зиёдро дар пай хоҳад дошт

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз эҳтимоли обхезӣ дар манотиқи кӯҳистони ин кишвар дар баҳори имсол ҳушдор дод ва изҳор дошт, ки мақомоти масъул дар танҳоӣ наметавонанад аз он ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳайбулло Латипов, раиси кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, далели заъфи фаъолияташро барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ дар кишвар аз дастрасӣ надоштанаш ба фанновариҳои ҷадид арзёбӣ кард. Вай гуфт, техникае, ки феълан дар ихтиёр дорем, моро қаноъатманд намекунад. Барои он ки раванди ҳолатҳои фавқулодда дар манотиқи кишвар рӯ ба афзоиш аст, ҳам ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ ва ҳам ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ.

Вай афзуд, сабаби аввал, куллия иншооте, ки дар замони Шӯравии собиқ бунёд шуда ва то ҳанӯз мавриди истифодаи мо қароор доранд, кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Асбобу анҷом, ки кӯҳна шуд, ҳатман ба садама дучор мешавад ва мо шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо низ ҳастем.

Дар ҳоле ки масъулини ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, сардии бесобиқа ва боришоти шадиди барф то моҳи март ҳукмфармо хоҳад буд, мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ бо пешгӯии пайомади ин вазъ мардуми кишварро нигарон кардаанд. Бо ин вуҷуд, кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ тасмим гирифтааст, ки даст ба кор шавад ва дар ҷустуҷӯи ҳалли ин мушкилот аз ҳукумати кишвар имдоди молӣ талаб кунад.

Тибқи омори расмӣ, тайи соли 2007 ҳудуди 100 ҳодисаи селхезӣ, тармафароӣ ва зилзила ба вуқуъ пайвастааст, ки ба буҷаи давлат ва сокинон беш аз 70 миллион сомонӣ хисорот ворид ва бештар аз 5 ҳазору 700 манозили маскуниро тахриб намудааст.

Мутахасисони масоили иҷтимоии Маркази мутолеъоти назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд таваҷҷӯҳ ва маблағгузории давлат барои пешрафти кори ин кумита зиёд аст, аммо мушкили умдаи ин кумита ҳамоно мушкили фаннӣ хоҳад буд. Коршиносон низ мӯътақиданд, ки афзудани мизони офоти табиӣ дар Тоҷикистон ва ҳам набуди коргарони ҳирфаӣ мушкили кумитаи ҳолатҳои изтирориро печидатар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG