Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран мақомоти зирабтро муваззаф кард, талош кунанд сатҳи таварум дар соли оянда аз ҳашт дарсад болотар наравад. Ғулом Бобозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин робита гуфт, дар назди мо вазифаи мушаххас гузошта шудааст ва мо тамоми тадобирро барои иҷрои он хоҳем андешид. Аммо иқтисоди Тоҷикистон як иқтисоди боз аст ва дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ мо наметавонем аз ин раванд таъсир напазирем.
Вай афзуд, мо ҳар талоше ҳам накунем, агар нархҳо дар кишварҳои ҳамсоя боло биравад, ногузир ба бозори мо таъсир хоҳад гузошт. Ва вазифаи аввалини мо роҳ надодан ба буҳрони ғизоист. Мо бояд нахуст бозорро бо маводи аввалияи ғизоӣ таъмин кунем. Аммо қимати ин мавод ба мо вобаста нест.
Ин дар ҳолест, ки мизони таварум дар Тоҷикистон дар соли гузашта бино бар омори расмии мунташир кардаи кумитаи умури иқтисодии Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар миёни кивашрҳои узви ин ҷомеаи ҳамкорӣ болотарин сатҳро дошта ва то ҳудуди 23 дарсад боло рафата буд.
Тоҳири Абдуҷаббор, усоди иқтисод дар Донишгоҳи байнулмилалии Душанбе, мегуяд, сатҳи таваррум дар соли гузашта низ болотар аз он аст, ки дар омори расмӣ омдааст. Зеро, мегуяд ӯ, ғимати маводи ғизоӣ ва маводи сухт дар тобистони гузашта ба сурати бесобиқае боло рафт ва давлат дар ҷилавгирӣ аз он оҷиз монд. Ба гуфтаи оғои Абдуҷаббор, низоми бозори озод дастурро намепазирад ва тавассути чунин иқдомоте ҷилавгирӣ аз афзоиши таваррум номумкин аст лапиши таваррум дар соли равон низ ҳадди ақал ҳудуди 20 дарсади боз хоҳад буд.
Ба гуфтаи бархе дигар аз коршиносони умури иқтисод буҳрони шадиди энержӣ, ки феълан ҳоким аст ва идома хоҳад кард, сардии бесобиқаи ҳаво ва бебарқӣ, ки ба ин далоил бахши азими корхонаҳои саноъатӣ аз кор мондааст, ба иқтисод таъсири чашҳмгир хоҳад гузошт. Аммо пайомади он бо гузашти ин буҳрон маҳсустар хоҳад буд. Ва он ба сурати табии ба мизони таваррум низ бетаъсир нахоҳад буд.
Охир мебахшен Кормандои идораи замин барои ичозати замин 20000 сомони талаб мекунен мардуми нодор кучо дора икарад пули калони якчоя, камтар шуморам фикри мардуми нодира кунен, сабуктар кунен ичозатгирира барои сохтмони хона ....
Чанги Озарбойчону Арманистонро тахлил карда хулосабарори бояд намуд. Барои яроки хозиразамон сарбозу афсарони хозиразамон лозим.
Пароканда лашкар наояд ба кор Дусад марди ҷанги беш аз сад ҳазор Миллати тоҷик ҳамеша барои миллати худ қаҳрамониҳо кардааст, мекунад ва оянда хоҳад кард.Барои он, ки ғурури миллӣ дорад.Он сафсатаҳое, ки нисбати артиши мо мегуянд ин суханони нотавонбинон ва душманони миллати мо ҳастанд.
Хариду фуруши конунии одамон...
Як тоҷир шаҳраки Ҷуйбодом мехост мактаб созад ва ба мардум супорад. Бо раиси маҳалла ва ҷамоат назди мудири маорифи н Рудаки рафтем. Мудир ман иҷозатнома мегирам ва ҳаққи ман чанд мешавад? Он тоҷир ин гапро шунид ва аз сохтани мактаб даст кашид. Як тоҷир дар Кулоб аз ҳисобаш мактаб сохт ва зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Тендерҳо барои сохтмон, нашри китобҳои дастӣ ҳама монополия зери қаноти оила аст. Як пашша 1 дирам наметавонад фоида биорад. То либоси мактабӣ пайванд ба оила аст. Қудоҳо, домодҳо ва набераҳо....