Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Ҳамдамов - қаҳрамони шатранҷи Душанбе


Мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Душанбе байни мардон бо пирӯзии устоди байнулмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов ба анҷом расид.

Ин шатранҷбози моҳири 42-сола, ки миёни 14 нафар аз 13 бозӣ 12 имтиёз ба даст овард, барои бори нахуст унвони қаҳрамони шатранҷи пойтахт дар байни мардонро касб кард. Ӯ дар 11 дидор пирӯз гардида, ду бозиро мусовӣ анҷом дод.

Шатранҷбози пуртаҷриба Файзалӣ Нуралиев низ соҳиби 12 имтиёз гардид, вале аз рӯи натоиҷи иловагӣ дар ҷои дувум қарор гирифт. Вай дар 12 бозӣ дастболо шуд ва танҳо дар як дидор аз рақиби аслиаш – Сӯҳроб Ҳамдамов шикаст хӯрд.

Шатранҷбози ҷавон Темур Гадоев бо касби 9, 5 имтиёз ба дарёфти мақоми севум ноил шуд.

Довари ин мусобиқа Рашид Ҳусейнов, раҳбари мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси низомномаи ин мусобиқот, се нафар беҳтарин шатранҷбози шаҳри Душанбе байни мардон барои ширкат дар бозиҳои лигаи аввали шоҳмоти Тоҷикистон, ки 15-уми апрел шурӯъ мешавад, роҳхат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG