Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки ниммиллиондолларии лоиҳаи «Умед» («Норе»)


Лоиҳаи амрикоии «Умед» («Норе») Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии қалбу раг ва синаро ба маблағи 448 000 доллари амрикоӣ бо маводди тиббӣ муҷаҳҳаз намуд.

Ба гуфтаи Ирина Овезова, намояндаи ин лоиҳа дар Тоҷикистон, ин кумаки башари шомили дорувори зидди сармохӯрдагӣ, дардтаскиндиҳанда ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, бори байнулмилалӣ дар ҳаҷми умумии $5,6 миллион, ки ҳанӯз дар охири ҳафтаи гузашта ба кишвар ворид гардид, дар 11 бемористони Тоҷикистон тақсим гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки лоиҳаи «Умед» ё «Норе» (ИМА) моҳи декабри соли 2001 таъсис ёфта, шурӯъ аз соли 2002 то имрӯз дар доираи фаъолияти барномаҳои он ба Тоҷикистон дар шакли лавозимоти тиббӣ дар ҳаҷми $152 123 000 ёрии башарӣ расонида шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG