Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарпешаи муғул мехост сарбоз бошад


Хулан Чулуун, ҳунарпешаи зане, ки дар филми "Муғул" - номзади имсолаи ҷоизаи "Оскар" нақши аслиро бозӣ кардааст, гуфт, ки ҳеҷ гоҳ намехост актриса бошад. Вай мегӯяд, ки мехост сарбоз шавад. "Мехостам дар артиш бошам ва дар мактаби низомӣ таҳсил кунам", мегӯяд ҳунарпешаи 23-солаи муғултабор дар сӯҳбат бо хабарнигои "Ройтерс". Филми мазкур, ки сохтаи коргардони рус Сергей Бодров мебошад, қисман дар Қазоқистон ба навор гирифта шуда, дар озмуни бонуфузи "Оскар" аз номи ҳамин кишвар пешбарӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG