Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон даври тилоиро аз даст медиҳанд


Нархи як унтсия ё зиёда аз 30 грамми тило дар бозори ҷаҳонӣ ба 919 доллар расида, бими пасрафти иқтисодӣ дар Амрико мумкин аст, онро боз ҳам гаронтар кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки ду сол пеш нархи як унтсияи тило ҳамагӣ 600 доллар буд вабо фурӯ афтодани қурби пули амрикоӣ тадриҷан ба боло ҳаракат кард.

Донандагони бозор мегӯянд, ин беҳтарин фурсатест барои кишварҳои содиркунандаи тило, то бо тавлиди бештар ва фурӯши зудтари филизи шоҳона вазъи молии худро беҳтар кунанд. Иқтисодшиноси қирғиз, Ҷумъақодир Акенеев мегӯяд, ҳар кишваре ки захираи бузурги тило дорад, чи нақд, чи дар конҳо, кишвари мумкин сарватманд ва некуҳол аст. Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ гӯё аз ин ҳақиқати ҷаҳон ноогоҳанд ва ҳеч яке аз онҳо шитобе надорад, то аз вазъи мусоъид истифода кунад.

Захираҳои тило дар Қазоқистон 800 ва дар Узбакистон 2 ҳазор тонна мебошанд ва тилои Тоҷикистону Қирғизистон низ зиёд аст, ҳарчанд на бештар аз Узбакистон, вале на камтар аз Қазоқистон. Дар ҳоле ки Қазоқистон ва Узбакистон ба нафту гази худ такия задаанд, табиӣ мебуд, агар Тоҷикистону Қирғизистон тилоро дар сархатти амволи содиротӣ қарор медоданд. Лекин ҳукуматҳои ҳар ду кишвар аломате ба ин намедиҳанд. Баракс дар ҳоле ки онҳо соле пеш агар зиёда аз ду тонна тило истеҳсол мекарданд, ҳоло тавлидоташон 50 дарсад камтар шудааст.

Коршиносон ду сабаби ин фарояндро зикр мекунанд, ки яке ноогоҳӣ ва беэътиноӣ ба равандҳои ҷаҳонии иқтисод аст. Дар ҳар ду кишвар вазоратҳои марбута ва муассисаҳои пажӯҳишию ояндабинии иқтисодӣ мавҷуданд, аммо тамаркуз ба зироаткорӣ ва мушкилоти дохилӣ боздеҳи кори онҳо ночиз мегардонад.

Сабаби дуввум, ба ақидаи коршиносон, аз минтақа рафтани сармоягузорони ғарбист, ки то ҳол фанновариҳои пешрафтаро ба Осиёи Марказӣ интиқол медоданд. Фасоди молии ҳамарӯза ва фишори ҳукуматҳо ба афзоиши саҳм дар фурӯши маҳсулот ширкатҳои бритониёии Commonwelth and British Mineral, канадаии Nelson Gold ва амрикоии Newmont Mining-ро аз минтақа хориҷ карданд. Ба ҷои онҳо ширкатҳои чиноӣ ва эронӣ вориди саҳна шуданд.

Аммо ҳанӯз ҳам фурсати шинохти бозори ҷаҳонӣ ва истифодаи босамар аз он ҳаст. Коршиноси қазоқ Досим Сатбоев мегӯяд: "Арзиши баланди тило дар оянда низ ҳамин гуна хоҳад монд, зеро ба пешбинии иқтисодшиносон дар якуним то ду соли оянда вазъи иқтисодӣ ҳамингуна номӯътадил боқӣ хоҳад монд. Яъне бисёре аз сармоягузорон талош мекунанд, сарвати худро дар шакли тило, платина ва фулузҳои гаронбаҳо ҳифз кунанд, ки нархаш намеафтад."

Ин ҳам дар ҳоле ки истихроҷи тило дар кони Таррори Зарафшон аз 2020 ба 1009 килограм дар сол коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG