Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурсатбозии Аврупо дар мавриди Косово


Мулоқоти масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳавийер Солана (аз рост) ва сарвазири Косово, Ҳошим Т очӣ дар Бруссел, 24 декабри соли 2008.
Мулоқоти масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳавийер Солана (аз рост) ва сарвазири Косово, Ҳошим Т очӣ дар Бруссел, 24 декабри соли 2008.

Эълон нашудани натиҷаҳои гуфтушуниди масъулони Иттиҳоди Аврупо ва сарони Косово дар Бруссел гумонҳои гуногунро ангезиш медиҳад.

Дар Приштина ва дар Бруссел ҳафтаҳои охир бисёриҳо интизори он буданд, ки ба зудӣ рӯзи эълони истиқлолияти Косово муайян хоҳад шуд. Журналистоне, ки дар паси дари музокироти Иттиҳоди Аврупо ва раҳбарони Косово дар Бруссел интизори хабар буданд, умед доштанд, пеш аз ҳар каси дигар аз таъини ин рӯзи таърихӣ огоҳ мешаванд ва ба дигарон иттилоъ медиҳанд. Биноан вақте ки сарвазири Косово, Ҳошим Точӣ аз дар баромад, пурсиданд, кай? Вай посух дод:

"Косово аллакай ба истиқлолият тайёр аст, аммо баъзе муқаррароте дар миён аст, ки мо бояд арҷ гузорем ва баъзе машваратҳое мавҷуд аст, ки низ бояд эҳтиром кунем, вале ба сурати кул Косово омода ва якпорча аст ва ман фикр мекунам, мо хеле ба зудӣ дар Приштина эъломия хоҳем дод."

Точӣ, ки аз гуфтушунид бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавийер Солана берун омада буд, шояд ҳис кард, ки аз ӯ на чунин посухеро интизор буданд. Бар замми ин на ӯ ва на Солана ифшо накарданд, ки натиҷаи сӯҳбати онҳо дақиқан аз чӣ буд. Хабарнигори мо дар Бруссел, Аҳто Лобйакас мегӯяд, ҳароси аслӣ ин аст, ки санаи ин эъломия ошкор гардад ва ҳассосиятҳоеро дар даври дувуми интихоботи президенти Сербия дар 3-юми феврал эҷод кунад.

Сухангӯи Кумисюни Аврупо Кристина Ноҷ рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, вазъият онгуна ҳассос аст, ки бояд ба василаҳои дипломатӣ бартарӣ дод, то ба эълонҳои аланӣ. Ин таҳаввулот ба коршиносон заминае додааст, то ба чунин натиҷагирӣ бирасанд, ки Бруссел намехоҳад, зимни масъалаи Косово, Сербия ба шиъорҳои зиддиғарбӣ дода шуда, касеро баргузинад, рӯ ба сӯи Шарқ дорад. Манзур, номзади Ҳизби родиколи Сербия, Томилслав Николич аст, ки дар даври аввал 40 дарсад райъ гирифт ва мехоҳад, равобити зичтаре бо Русия дошта бошад. Николич раҳбари ҳизбест, ки пешвои маънавии он -- Войислав Шешел, бо иттиҳоми ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва поккориҳои қавмӣ дар ҷангҳои Болкан дар додгоҳи Ҳейг ё Гаага ба сар мебарад. Вай бо президенти феълӣ, Борис Тадич сабқат дорад, ки хостори пайвандҳои қавитар бо Иттиҳоди Аврупост, аммо дар даври аввал ҳамагӣ 35 дарсад раъй овард.

Ҳавийер Солана, масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо батакрор изҳори умедворӣ кардааст, ки сербҳо аз таҳкими равобит бо Бруссел пештибонӣ хоҳанд кард. Аммо рӯйдодҳои ахир ва на танҳо интихоботи президентӣ нишон медиҳанд, ки гузинаи сербҳо дигар аст. Рӯзи чаҳоршанбе Сербия ва ширкатии Газпроми Русия дар бунёди ду иншооти интиқол ва нигаҳдошти газ ба тавофуқ расиданд. Дар натиҷа таъини таърихи эълони истиқлолияти Косово, ки Иттиҳоди Аврупо аз он пуштибонӣ мекунад, эҳтимолан ба таъвиқ меафтад. Ба ақидаи коршиносон, ин эъломия ба камияш то рӯзи даври дувуми интихоботи Сербия садо нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG