Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи махфигоҳи аслиҳа дар Фароҳ


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як махфигоҳи аслиҳаеро кашф ва аз дохили 130 навъи гуногуни минаро пайдо карданд, ки зоҳиран аз Эрон ворид карда шудааст. Аз ин махфигоҳ 40 минаи ҳозиразамони аз дур идорашаванда ёфт шудааст. Махфигоҳи мазкурро дар ноҳияи Анордори вилояти Фароҳ кашф кардаанд. Раиси идораи пулиси Фароҳ Хайол Шоирбоз дар ин маврид гуфт, махфигоҳи аслиҳа дар хонаи яке аз фармондеҳони шинохтаи Толибон пайдо шуд. Давлати Эрон ирсоли ҳаргуна силоҳ ба ҷангҷӯёни Толибро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG