Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тачӣ: То истиқлоли Косово рӯзҳои башумор мондааст

Ҳошим Тачӣ, сарвазири Косово изҳор кард, ки то эълони истиқлоли ин минтақа аз Сербия рӯзҳои башумор мондааст. Ӯ дирӯз дар Брюссел бо раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Ҳовиер Солана дидору гуфтугӯ дошт. Ҳошим Тачӣ изҳор кард, ки Косово барои эълони истиқлол комилан омода аст, ҳатто тарҳи Қонуни асосӣ ва рамзҳои давлатӣ ҳам. Ва аммо Олли Рен, узви раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо иттилоъ дар бораи эълони истиқлоли Косово дар рӯзҳои наздикро тайид накард.

Сербия ба эълони истиқлоли Косово комилан мухолиф аст. Интизор меравад, ки имрӯз раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич ва сарвазири кишвар Воислав Коштунитса дар Маскав дар мулоқот бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, аз ҷумла, ин мавзӯъро баррасӣ кунанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дарҳои осорхонаи Луври Порис баъди 4 моҳ дубора боз шуданд

Осорхонаи Луври шаҳри Порисро, ки моҳи марти соли равон ба иллати коронавирус баста шуда буд, дубора боз карданд.

Вале дар осорхона чанд муддати дигар низ баъзе аз маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд. Ворид шудан бидуни ниқоб манъ буда, шумори тамошобинон ва ҷойгиркунии онҳо дар толорҳо сахт назорат мешавад.

Лувр, ки аз 13 март баста шуда буд, тақрибан 40 миллион евро зарар дидааст. "Шонси мо омад, ки осорхона давлатӣ аст", - изҳор дошт мудири осорхона Жан-Люк Мартинес.

Рӯзи душанбе дар назди осорхонаи мазкур роҳбаладони ҷаҳонгардон даст ба эътироз зада, гуфтанд, мақомот барои пуштибонии кормандони соҳаи ҷаҳонгардӣ ба андозаи кофӣ талош намекунанд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон моҳи июн аз "пирӯзии нахустин" бар коронавирус хабар дода буд. Вале маҳдудиятҳое, ки дар ин кишвар роҷеъ ба коронавирус ҷорӣ шудаанд, ҳанӯз бекор нагаштаанд.

Кумаки башардӯстонаи навбатии Узбекистон ба Қирғизистон

Узбекистон барои мубориза бо коронавирус ба Қирғизистон 8 тонна кумаки башардӯстонаи дигар фиристод. Дар ин бора ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, Узбекистон аз ҷумла, дастгоҳҳои сайёри оксиген фиристодааст.

Ҳукумати Қирғизистон ба ҳукумати Узбекистон барои кумак миннатдорӣ баён кардааст.

Аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ, ин бори севум аст, ки Узбекистон ба Қирғизистон кумаки башардӯстона мефиристад. Қирғизистон низ дар навбати худ ба Узбекистон кумак кардааст.

Дар Қирғизистон то 6 июли соли равон ҷамъан 7691 кас ба коронавирус мубтало шуда, 92 кас ҷон бохтааст.

Дар Қазоқистон ба хотири коронавирус карантини сахттар ҷорӣ шуд

Нашрияи The New York Times ҷадвалеро таҳия кардааст, ки суръати паҳн шудани коронавирус дар ҷаҳонро дар давоми 14 рӯзи ахир нишон медиҳад. Қазоқистон дар миёни кишварҳои пешгом ҷой дода шудааст.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 7 июл нақлиёти ҷамъиятӣ пурра аз фаъолият боз монда, тамоми онҳо зиддиуфунӣ мешаванд.

Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба табибон менависанд, ки омори расмӣ -- 48, 5 ҳазор мубтало вазъи воқеии кунуниро бозгӯ карда наметавонад. Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон мушкили норасоии тестҳои санҷиши вирус, навбатпоиҳои тӯлонӣ дар пушти дари беморхонаву озмоишгоҳҳо ба миён омадааст.

Дар Қазоқистон шумори мубталоён ба коронавирус баъди бекор кардани карантин якбора афзоиш ёфт. Мақомоти ин кишвар маҷбур шуданд, дубора аз 5 июл ба муҳлати 14 рӯз карантини сахттар ҷорӣ кунанд.

Вале ин карантини сахт ба таҷлили Рӯзи пойтахти Қазоқистон, ки бо рӯзи зодрӯзи президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев рост меояд, дахл накард. Дар кӯчаҳои шаҳри Нурсултон маконҳо барои баргузории барномаҳои консертӣ ва намоишгоҳҳо омода шудаанд. Мақомот дар навбати худ мегӯянд, касеро ба чорабиниҳо даъват намекунанд ва сокинон онлайнӣ тамошо хоҳанд кард.

Дар Қазоқистон шумори расмии умумии мубталоёни коронавирус то ба имрӯз ба 48 ҳазору 574 расида, 232 кас ҷон бохтааст. Дар ҳамин ҳол дар ин кишвар беморони илтиҳоби шуш низ зиёд шуда, танҳо дар моҳи июн 628 кас бар асари он ҷон бохтаанд.

Беморхонаҳои Қирғизистон аз мубталоёни коронавирус "лабрез" шудаанд. ВИДЕО

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ба ҳукумат пешниҳод кард, ки манъи равуо миёни вилоятҳоро баррасӣ кунад. Беморхонаҳои шаҳри Бишкек пур шуда, коронавирус ба дигар минтақаҳои Қирғизистон низ паҳн мешавад.

Муовини шаҳрдори Бишкек дар Твиттер навишт, ки дар беморхонаҳои пойтахти Қирғизистон дигар ҷойи холӣ намондааст. Сардухтури ёрии таъҷилии пойтахти ин кишвар низ бо тасдиқи хабар гуфт, намедонанд беморонро ба куҷо баранд.

Толорҳои бузурги варзишӣ ба беморхона табдил дода шудаанд ва ба иллати набудани ҷой дар беморхона ҳатто беморони вазнинро ба чунин беморхонаҳо мебаранд. Дар рӯзи аввали кори бемористонҳои нав дар толорҳои варзишӣ се нафар ҷон бохтанд. Ихтиёриён, ки ба табибон кумак мерасонанд, мегӯянд, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб ва дастпӯш ба таври фоҷеавӣ намерасанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар шаҳри Бишкек ҳар севумин табиб бемор аст ва табибони боқӣ бо охирин нерӯи худ кор мекунанд. Донишҷӯёни соҳаи тиб низ ба кор ҷалб шудаанд.

"Дар Бишкек 2062 кати иловагӣ омода мешавад. Ҷой холӣ мегардад, вале зуд банд мешавад. Ниёзмандон хеле зиёданд", - изҳор дошт муовини вазири тандурустии Қирғизистон Мадамин Каратаев.

Бештари Қирғизистониҳо аз кори мақомот дар давраи буҳрон норозиянд. Ҳатто сарояндаҳову ситораҳои дигар вазорати тандурустӣ, вакилон ва президентро интиқод мекунанд. Бархе аз онҳо аз мардум узр мепурсанд, ки замоне ҳизби ҳоким ва номзадҳои онро таблиғ кардаанд.

Дар Қазоқистон дар як рӯз 1 403 кас ба коронавирус мубтало шудааст

Дар Қазоқистон давоми як шабонарӯзи ахир 1 403 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. 814 мубталошуда нишонаҳои бемориро надоранд.

Ҳолатҳои нав аз ҳама бештар дар вилояти Атирау ошкор шудааст. Рӯзи севум аст, ки дар ин минтақаи Қазоқистон рӯзона беш аз 300 ҳолати нав ошкор мешавад. Рӯзи якшанбе дар ин вилоят 325 бемори навро ба қайд гирифта буданд. Атирау аз нигоҳи шумори мубталоён баъди шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон дар мақоми севум аст. Дар ин вилоят ҷамъан 5791 кас ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Шумори расмӣ ва умумии мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон то ба имрӯз ба 48 ҳазор расида, 232 кас ҷон бохтаанд.

Дар Қазоқистон беморони илтиҳоби шуш давоми ҳафтаҳои ахир афзоиш ёфта, санҷиши вируси онҳо манфӣ нишон медиҳад. Мақомот ва табибон мегӯянд, эҳтимол дорад, авҷи бемории илтиҳоби шуш ба паҳн шудани коронавирус рабт дошта бошад.

Мухолифи узбек Бахтиёр Каримро иҷборан карантин карданд

Бахтиёр Карим, яке аз ташаббускорони таъсиси ҳизби нави сотсиал-демократии "Адолат ва рушд" дар Узбекистон ва ҳамзамон сармуҳаррири нашрияи "Адабиёт" ба коронавирус мубтало шудааст.

Мубталошавии сармуҳарири 61-солаи "Адабиёт" ба коронавирус 3-юми июл, баъд аз як моҳи иҷборан фиристодани ӯ ба карантин тасдиқ шудааст. Дар ин бора худи рӯзноманигор ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ёдрас мешавем, Бахтиёр Каримро ҳамроҳи хонаводаш рӯзи 6-уми июн, баъди он ки маълум шуд ҳамкорони писараш ба коронавирус мубтало шуданд, иҷборан ба макони карантин дар деҳаи "Уртасарой"-и вилояти Тошканд бурданд. Дертар, баъди 11 рӯз ӯро аз хонаводааш ҷудо карда, ба беморхонаи касалиҳои пусти Тошканд бурданд, ки феълан ба макони карантин табдил дода шудааст.

Худи Бахтиёр Карим гуфта буд, бо ангезаҳои сиёсӣ дар карантини иҷборӣ қарор дорад ва нигарон аст, ки онҷо ба коронавирус мубтало хоҳад шуд. "Пештар гуфта будам, ки инҷо одами солим бемор мешавад. Давоми як моҳи карантин ман панҷ бор озмоиш супоридам. Ҳамаи натиҷаҳо, ба ҷуз аз озмоиши ахир манфӣ баромада буданд", - гуфт ӯ.

Бахтиёр Карим мегӯяд, яке аз ҳамоҳангсозони таъсиси ҳизби "Адолат ва рушд" дар Узбекистон мебошад ва гуфтугӯҳо дар робита ба масоили созмондиҳиро вай пеш мебарад. Яке аз ташаббускорони дигари таъсиси ҳизб бо номи Хидирназар Аллақулов ҳам рӯзи 26-уми июн гуфт, карантини иҷбории Бахтиёр Карим ба фаъолиятҳои сиёсияш рабт дорад.

Дар робита бо куштори Мамихан Умаров дар Вена ду нафар боздошт шуд

Мамихан Умаров баъди паноҳанда шудан дар Австрия блогнависӣ мекард

Дар Австрия дар робита бо куштори шаҳрванди чечентабори Русия Мамихан Умаров ду нафар - Сарали Ахтаев ва Салмон Магамадов боздошт шуданд. Дар ин бора вебсайти "Кавказ.Реалии" бо такя ба иттилои яке аз диаспораҳои воқеъ дар Аврупо хабар додааст. Нашрияи Österreich менависад, ки нафаре бо номи Sar Ali A. метавонад иҷрокунандаи куштор бошад. Сарали Ахтаеви 47-сола соли 2002 ва Салмон Магамадови 37-сола дар соли 2004-ум ба Аврупо кӯчиданд. Ҳардуи онҳо мақоми паноҳандагӣ доштанд. Дар бораи эҳтимоли иртиботи онҳо бо мақомоти Чеченистон иттилое дар даст нест, вале гуфта мешавад, ки дар гузашта Магамадов дар маркази зиддитеррористии шаҳри Урус-Мартан кор мекард. Полис гуфт, ки ин ду нафар дар робита бо куштори Умаров дар канораҳои Вена боздошт шуданд. Оҷонсии АРА хабар дод, ки шоми шанбе дар шаҳри Линс марди чечентабори 47-сола боздошт шуд ва ӯро ходимони ҳифзи қонун иҷрокунандаи куштор меҳисобанд. Рӯзи якшанбе гумонбари дуюм боздошт шуд. Ӯ дар ҷои куштор қарор дошт ва нахуст ба унвони як шоҳид бозпурсӣ гардид. Додситонҳо дар баёноти ӯ ихтилофе дарёфтанд ва қарор карданд, ки ӯро аз як шоҳид ба унвони як гумонбар дар даст доштан дар куштор дастгир мекунанд.

Рӯзи 6 июл полиси Австрия гуфт, ки марди кушташуда аз ҳимоят даст кашида буд, вале нагуфт, ки чунин пешниҳод ба Умаров кай карда шуд. Матбуот мегӯяд, ки феълан сабабҳои куштор маълум нест, вале дар миёни фарзияҳо ангезаҳои сиёсӣ доштани ин ҳодиса бештар ба ҳақиқат наздик аст. Дар таҳқиқи ин қазия кормандони идораи ҷосусии маҳаллӣ ва зидди террористӣ ҷалб шудаанд.

Мамихан Умаров, ки аз соли 2007 дар Австрия зиндагӣ мекард, бо лақаби "Анзори венагӣ" ҳам маъруф ва бо блогнависӣ машғул буд. Ӯ чандин бор Рамазон Қодировро интиқод карда ходимони ҳифзи қонуни Русияро дар гӯё даст доштанашон дар куштори ҷудоиталабони чечен дар Аврупо гунаҳкор кардааст. Умаров 4 июл дар шаҳри Герасдорфи канори Вена аз тире, ки ба сараш зада шуд, даргузашт. Ин ҳамла дар тавқифгоҳи мошинҳои назди як маркази тиҷоратӣ рух дод.

Вазири пешини тандурустии Қирғизистон ба бозпурсӣ даъват шуд

Вазири пешини тандурустии Қирғизистон Космосбек Чолпонбоев барои бозпурсӣ ба Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар даъват шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии хадамот иттилоъ додааст.

Бозпурсӣ дар доираи парвандае сурат мегирад, ки зидди мансабдорони Вазорати тандурустии Қирғизистон барои фасодкорӣ ва ҳимояти манфиатҳои ширкатҳои алоҳидаи дорусозӣ боз шудааст.

Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ бо дастури президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков баргузории озмун барои харидории лавозимоти муҳофизатӣ ва ниқобҳои тиббиро дар моҳи феврали соли равон таҳқиқ кард. Бар асоси хулосаи тафтишот зидди мансабдорон парванда боз гашт.

Рӯзномаи "ПолитКлиника" рӯзи 1-уми июл бо нашри як матлаб навишт, ки мақомоти тандурустии Қирғизистон аз вазъи изтирорӣ сӯистифода карда, ниқобу либосҳои муҳофизатиро 10 баробар гаронтар аз нархи бозор харидаанд.

Тавре рӯзноманигорон муайян кардаанд, ширкати "Фарватер" ниқобҳои тиббиро бо нархи 400 сом (ҳудуди 5 доллар) дастрас кардааст. Дар ҳоле ки ин ниқобҳоро дар Бишкек метавон бо нархи аз 30 то 150 сом харид. Ниқобҳои якдафъаина 25-сомӣ харидорӣ шуда, дар ҳоле ки дар бозор 10 сом фурӯхта мешавад. Дастгоҳҳои нафаси сунъӣ низ гаронтар аз нархи бозор харидорӣ шудаанд. Як дастгоҳи нафаси сунъиро мақомоти қирғиз 2,5 миллион сом харидаанд. Дар ҳоле ки он дар фурӯшгоҳҳои интернетӣ 1 миллион сом арзиш дорад.

Узбекистон аз муҳоҷирон хост, ба хабари боз шудани марзҳо бовар накунанд

Сафорати Узбекистон дар шаҳри Маскав аз шаҳрвандони кишвари худ даъват кард, ба сухани қаллобоне бовар накунанд, ки бар ивази маблағи муайян гузаронидан аз марзи Русия ва Қазоқистонро ваъда медиҳанд.

Бино ба огаҳии сафорат, афроди алоҳидае бо нашри эъломҳо ба муҳоҷирон ваъда медиҳанд, ки бар ивази маблағ то ба марзи Русияву Қазоқистон бурда, дар гузаштан аз марз низ кумак менамоянд.

Вале ба гуфтаи масъулони сафорат, ин гуфтаҳо дуруғ буда, марзҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ҳамоно бастаанд.

"Имрӯзҳо дар деҳаи "Болшая Черниговка"-и вилояти Самара, ноҳияи Бузулук ва шаҳри Сол-Илетски вилояти Оренбурги Русия ҷамъшавии дубораи узбекистониҳое мушоҳида мешавад, ки ба хабарҳои беасос дар бораи имкони гузаштан аз марзи Русия ва Қазоқистон бовар карда, аз минтақаҳои гуногун ба онҷо рафтаанд", - афзудааст сафорат.

Сафорати Узбекистон ба муҳоҷирон ҳушдор додааст, ки ҷамъшавии онҳо дар як макон хатари мубталошавӣ ба вирусро бештар хоҳад кард.

Исроил дар бораи маҳвораи наве барои “назорати Эрон” хабар дод

Ofek 16 cубҳи 6 июл аз як маҳалле дар маркази Исроил партоб шуд

Вазорати дифои Исроил эълон кард, ки як маҳвораи нави ҷосусиро роҳандозӣ кардааст ва он тавони анҷоми назорати босифати низомиро хоҳад дошт. Исроил фанновариҳои худро ба хотири назорат аз кишварҳои мисли Эрон, ки барномаи ҳастаии онро як хатар арзёбӣ мекунад, тақвият медиҳад. Вазорати дифои Исроил гуфт, ки маҳвораи навъи Ofek-16 соати 4-и субҳи 6 июл аз маркази Исроил тавассути мушаки “Шавит” партоб шуд. Вазири хориҷаи Исроил Габи Ашкенази тасдиқ кард, ки рӯзи 6 июл Исроил барои хатми таҳдидҳои ҳастаии Эрон иқдом кард. Нашрияи Jerusalem Post дар нақли қавл аз вазир гуфт: “Мо як сиёсати дарозмуддате дорем, ки нагузорем Эрон дорои фанновариҳои ҳастаӣ шавад”. Ӯ афзуд, ки бархе корҳое анҷом шудааст, ки ба гуфтааш, “беҳтараш ногуфта бимонад”. Эрон дар гузашта ҳамеша гуфтааст, ки барномаи ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад.

Ҳукми Светлана Прокопева: 500 ҳазор рубл ҷарима барои "сафед кардани терроризм"

Светлана Прокопева дар додгоҳи Псков. 6 июли соли 2020

Додгоҳе дар Русия рӯзи 6 июл журналисти муттаҳам дар “сафед кардани терроризм”-ро гунаҳгор ва ӯро ба пардохти 500 ҳазор рубл ҷарима муваззаф кард. Ба Светлана Прокопева наздики 7 соли зиндон таҳдид мекард. Хабарнигори маҳкумшуда гуфт, ки аз болои он шикоят хоҳад кард.

Мурофиаи Прокопева мавриди интиқоди ҷомеаи журналистӣ шуд, ки аз мақомот талаб доштанд Светлана Прокопева сафед ва озод шавад.

Худи Светлана Прокопева дар сӯҳбати баъди ҳукми додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Ман хушҳолам, ки дар озодӣ ҳастам ва ин як сабукии воқеӣ аст. Медонед, ба зиндон ҷамъ кардани ҷомадон кори чандон хушоянд нест. Ин ки мӯҳлати воқеии зиндон надоданд, ин як муаффақият ва пирӯзӣ аст ва ман барои ин ман бояд ба онҳое, ки дар пушти дари додгоҳ истода интизоранд, сипосгузор бошам».

Прокопева барои шарҳаш дар заминаи сабабҳои як худкушӣ дар назди идораи ФСБ-и Архангелск соли 2018 дар “сафед кардани терроризм” муттаҳам шуд. Додситонҳо мехостанд, ки Прокопева ба то ҳафт соли зиндон маҳкум шуда, давоми чор сол аз ҳақи кор ба ҳайси журналист маҳрум шавад. Прокопева ҳамчунин бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки худро бегуноҳ мешуморад ва қазияашро ҳамчун талоши “куштори озодии баён” қаламдор кард. Рӯзи 3 июл дар сухани охиринаш дар додгоҳ Прокопева гуфт: “Ман аз танқид кардани ҳукумат наметарсам”. Ӯ афзуд: “Ман аз интиқод кардани сохторҳои қудратӣ ваё ба онҳо гуфтан, ки шумо хато мекунед, наметарсам. Чаро ки медонам, агар нагӯям, агар дигарҳо нагӯянд, хеле бад мешавад”. Ӯ аз додрас хост, ки вақти ҳал кардани сарнавишти ӯ “принсипҳои бунёдии ҷомеа” фаромӯш намешавад. “Манзури ман озоди баён, мавқеи журналист ва рисолати мабуот аст”, гуфт ӯ. Прокопева гуфт, “Ман кори худро иҷро кардам. Ман кореро, ки берун аз чаҳорчӯби вазифаҳои касбиам бошад, накардаам. Ин ҷиноят нест”.

Прокопева дар робита бо як шарҳаш, ки моҳи ноябри соли 2018 дар радиои “Эхо Москвы в Пскове” ва баъдан дар блогаш нашр карда буд, муҳокима шуд. Матбуоти русӣ гузориш дод, ки марди дар назди идораи ФСБ-и Архангелск таркида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ФСБ-ро барои қонуншиканиҳо муттаҳам мекард. Дар шарҳаш Прокопева ин мавқеи ноболиғи худкушикардаро ба фазои сиёсии давраи президент Владимир Путин рабт дод. Ӯ тахмин кард, ки фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвар маҳдуд шуда мардумро ноумед мекунад.

Андрей Пивоваров, ҳамоҳангсози маркази ҳимоят аз ҳуқуқи башари “Русияи боз” баъди эълон ҳукм гуфт, ки онҳо аз болои ҳукми имрӯзаи додгоҳ шикоят хоҳанд кард:

“Албатта, мо хурсандем, ки ҷарима эълон карданд. Вале дар робита бо тамоми ин қазия, мисли Голунов, бояд пурра сафед мешуд ва онҳое, ки парвандаи ҷиноӣ боз карданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд. Мо дар бораи ҷарима ёд дорему фаромӯш кардем, ки беш аз як сол ин инсон зери фишор қарор дошт: хонааш кофтукоб шуду мавод мусодира гардад ва Светлана таҳти фишори зиёд зиндагӣ мекард. Дар маҷмӯъ ба назарам, ин ки одами бисёр омад, ба ҳукм таъсиргузор шуд, мақомоти маҳаллӣ бешак дар ҳайратанд, онҳо интро интизор набуданд. Вале бояд то охир рафт ва фишор овард, ки парванда бозбинӣ ва пурра баста шавад ва кормандони ҳифзи қонун, ки ба чунин бебандуборӣ иҷоза медиҳанд, бояд ҷавобгар шаванд”

Дейзи Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО рӯзи 3 июл дар як изҳороташ гуфт, “мо аз он нигаронем, ки мақомоти русӣ омода ҳастанд бо як хабарнигори маъруф, ки зимнан дар баръакси он чи ки гунаҳгораш мекунанд, кардааст, бераҳмӣ нишон диҳанд. Назари Светлана талоши дарки сабабҳои фоҷеа буд. Назари ӯро ба унвони “сафед кардани терроризм” мурраифӣ кардан – ин нақзи донистаи ҳақиқат ва як амали дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, ки ҳадафаш пахши садои интиқод мебошад”.

Ба ҳимояти Прокопева ва талаби озод кардани ӯ беш аз 30 журналист садо баланд карда изҳорот нашр намуданд.

Дар изҳороти рӯзи 3 июл сухангӯи Иттиҳоди Аврупо Петер Стано тақозо кард, ки парвандаи Прокопева бекор шавад ва ин қазияро ҳамчун баёнгари “фазои торафт маҳдудшавандаи кор барои журналистони мустақил ва ҷомеаи мадании Русия” интиқод кард.

Human Rights Watch гуфт, ки таъқиби Прокопева нақзи озодии баён аст ва на танҳо ба ӯ рабт мегирад. Дафтари воқеъ дар Ню-Йорки ин созмон бо пахши изҳороте гуфт: “Ин як пайғоми сӯзандае мефиристад, ки дар Русия матраҳ кардани саволҳои нохушоянд ҷазои сангин хоҳад дошт ва ин ҳамон дарсест, ки мақомот чандин сол аст мехоҳанд ба матбуот бидиҳанд”.

Парвандаи Прокопеваро Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Гузоришгарони бидуни марз, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ва Федератсияи аврупоии журналистон интиқод карданд.

Марги рекордӣ бар асари COVID-19 дар Эрон

Машҳад, 11 апрел. Дар фурӯшгоҳи телефонҳои мобил муштариҳо бо васоили ҳифозатӣ қарор доранд

Дар Эрон як рӯзи рекордии марг бар асари вируси нав ба қайд гирифта шуд. Рӯзи 5 июл дар давоми 24 соат фавти инсонҳо бар асари COVID-19 163 нафарро ташкил дод. Рекорди охир 29 июн ва 162 ҳолатро ташкил дода буд. Шумори олудагиҳои нав дар як шабонарӯзи ахир дар Эрон 2560 ҳолатро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ дар Эрон 240,438 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, шумори талафот 11,571 нафар мебошад. Эрон дар тамоми минтақа кишвари шадидан осебдида бар асари коронавирус ба шумор меравад. Дар ҳафтаҳои ахир дар Эрон афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Президент Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 4 июл гуфт, ба эрониҳое, ки ниқоби тиббӣ намепӯшанд, хадамоти давлатӣ фароҳам нахоҳад шуд.

Марди дар канори Вена кушташуда эҳтимолан аз мунаққидони Қодиров буд

Мамихан Умаров - акс аз шабакаи YouTube бо "Чеченҳои Австрия"

Як марди паноҳҷӯи дар беруни шаҳри Вена, пойтахти Австрия кушташуда собиқ ҷангии нирӯҳои ҷудоиталаби чечен ва мунаққиди раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров будааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ манобеи ҷомеаи чечентаборҳои Австрия хабар доданд. Ба иттилои ҳамин манбаъҳо, марди кушташуда Мамихан Умаров буд, ки бо лақаби Анзори венагӣ машҳур мешинохтанд. Мақомот дар Вена ҳуввияти ӯро танҳо чун марди 43-солаи паноҳҷӯ аз Русия муаррифӣ карданд. Ба иттилои онҳо, ин мард дар як тавқифгоҳи мошинҳои марбут ба маркази тиҷоратии воқеъ дар шаҳри Герасдорф ҳадафи тири ҳамлагар қарор гирифт. Тибқи иттилои аввалия, тири туфанд ба сари Умаров расида, ӯ то омадани ёрии таъҷилӣ ҷон дод. Қотили гумонбар чанд соат баъди ин ҳодиса дар як амалиёти вижаи полис дар 200-километрии ғарби Вена дар шаҳри Линс боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ки боздоштшуда як шаҳрванди Русия аст. Полис ва муфаттишон талош доранд сабабҳои ин кушторро муайян кунанд. Сухангӯи сафорати Русия дар Вена ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки касе бо сафоратхона дар робита бо ин ҳодиса дар тамос нашудааст.

Светлана Прокопева ва ҷомеаи журналистӣ дар интизори ҳукми додгоҳ

Светлана Прокопева дар баробари таҳдиди то ҳафт соли ҳукми ҳабс қарор дорад

Додгоҳе дар Русия рӯзи 6 июл ҳукми журналисти муттаҳам дар “сафед кардани терроризм”-ро содир мекунад. Ин мурофиа мавриди маҳкумияти ҷомеаи журналистӣ шуд, ки аз мақомот талаб доранд Светлана Прокопеваро озод кунанд. Прокопева барои шарҳаш дар заминаи сабабҳои як худкушӣ дар назди идораи ФСБ-и Архангелск соли гузашта дар рӯбарӯи хатари маҳкумият ба “сафед кардани терроризм” ва то ҳафт соли ҳабс қарор дорад. Додситонҳо инчунин тақозо кардаанд, ки Прокопева давоми чор сол аз ҳақи кор ба ҳайси журналист маҳрум шавад. Прокопева ҳамчунин бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки худро бегуноҳ мешуморад ва қазияашро ҳамчун талоши “куштори озодии баён” қаламдор кард. Рӯзи 3 июл дар сухани охиринаш дар додгоҳ Прокопева гуфт: “Ман аз танқид кардани ҳукумат наметарсам”. Ӯ афзуд: “Ман аз интиқод кардани сохторҳои қудратӣ ваё ба онҳо гуфтан, ки шумо хато мекунед, наметарсам. Чаро ки медонам, агар нагӯям, агар дигарҳо нагӯянд, хеле бад мешавад”. Ӯ аз додрас хост, ки вақти ҳал кардани сарнавишти ӯ “принсипҳои бунёдии ҷомеа” фаромӯш намешавад. “Манзури ман озоди баён, мавқеи журналист ва рисолати мабуот аст”, гуфт ӯ. Прокопева гуфт, “Ман кори худро иҷро кардам. Ман кореро, ки берун аз чаҳорчӯби вазифаҳои касбиам бошад, накардаам. Ин ҷиноят нест”.

Прокопева дар робита бо як шарҳаш, ки моҳи ноябри соли 2018 дар радиои “Эхо Москвы в Пскове” ва баъдан дар блогаш нашр карда буд, муҳокима мешавад. Матбуоти русӣ гузориш дод, ки марди дар назди идораи ФСБ-и Архангелск таркида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ФСБ-ро барои қонуншиканиҳо муттаҳам мекард. Дар шарҳаш Прокопева ин мавқеи ноболиғи худкушикардаро ба фазои сиёсии давраи президент Владимир Путин рабт дод. Ӯ тахмин кард, ки фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвар маҳдуд шуда мардумро ноумед мекунад.


Дейзи Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО рӯзи 3 июл дар як изҳороташ гуфт, “мо аз он нигаронем, ки мақомоти русӣ омода ҳастанд бо як хабарнигори маъруф, ки зимнан дар баръакси он чи ки гунаҳгораш мекунанд, кардааст, бераҳмӣ нишон диҳанд. Назари Светлана талоши дарки сабабҳои фоҷеа буд. Назари ӯро ба унвони “сафед кардани терроризм” мурраифӣ кардан – ин нақзи донистаи ҳақиқат ва як амали дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, ки ҳадафаш пахши садои интиқод мебошад”.

Ба ҳимояти Прокопева ва талаби озод кардани ӯ беш аз 30 журналист садо баланд карда изҳорот нашр намуданд.

Дар изҳороти рӯзи 3 июл сухангӯи Иттиҳоди Аврупо Петер Стано тақозо кард, ки парвандаи Прокопева бекор шавад ва ин қазияро ҳамчун баёнгари “фазои торафт маҳдудшавандаи кор барои журналистони мустақил ва ҷомеаи мадании Русия” интиқод кард.

Human Rights Watch гуфт, ки таъқиби Прокопева нақзи озодии баён аст ва на танҳо ба ӯ рабт мегирад. Дафтари воқеъ дар Ню-Йорки ин созмон бо пахши изҳороте гуфт: “Ин як пайғоми сӯзандае мефиристад, ки дар Русия матраҳ кардани саволҳои нохушоянд ҷазои сангин хоҳад дошт ва ин ҳамон дарсест, ки мақомот чандин сол аст мехоҳанд ба матбуот бидиҳанд”.

Парвандаи Прокопеваро Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Гузоришгарони бидуни марз, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ва Федератсияи аврупоии журналистон интиқод карданд.

Дар Афғонистон як бонуи сиёсатмадор аз тири ҳамлагарон маҷрӯҳ шуд

Нафиса Ҳиҷрон дар ҳамлаи мусаллаҳона маҷрӯҳ шуд

Дар Афғонистон рӯзи 6 июл як бонуи сиёсатмадор ва ронандааш дар ҳамлаи мусаллаҳонае маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса дар вилояти Лугар рух дод. Шоҳпур Аҳмадзай, сухангӯи полиси вилояти Лугар гуфт, ки афроди мусаллаҳ мошини Нафиса Ҳиҷрон, як узви шӯрои вилоятиро дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Пули Алам ҳадаф қарор доданд. Сухангӯ гуфт, ки ҳолати саломатии Ҳиҷрон мӯътадил буда, ӯро барои табобат ба Кобул фиристоданд. Полис гуфт, ки дастикам як ҳамлагар ба ҳабс гирифта шуда таҳқиқот шурӯъ шудааст. То ҳол ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Эннио Морриконе - муаллифи мусиқии филми "Спрут" даргузашт

Соли 2016 Эннио Марриконе дуюм ҷоизаи "Оскар"-и худро ба даст овард

Дар шаҳри Рум дар синни 91-солагӣ оҳангсози маъруфи синамоӣ Эннио Морриконе даргузашт. Ба иттилои нашрияи итолиёии "Мессаҷеро", чанд рӯз пеш аз марг Марриконе бо устухони шикастаи қисмати болои по дар як беморхонаи Рум бистарӣ шуд.

Ӯ дар соли 1928 дар Рум чашм ба дунё кушода, консерваторияи Санта-Сесилияро дар пойтахти Итолиё хатм кардааст. Ба оҳангсозии касбӣ аз 33-солагӣ шурӯъ кардааст. Мусиқии ӯ бештар тавассути филмҳои амрикоиву итолиёӣ ба дили шунавандааш роҳ ёфтааст. Дар давоми умраш ӯ барои беш аз 500 филму сериалҳо мусиқӣ эҷод карда, ду дафъа барандаи ҷоизаи «Оскар» ва се дафъа барандаи «Глобуси тиллоӣ» шудааст.

Барои тамошобинони филмҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон оҳангҳои Марриконе аз рӯи филмҳои маъруфи «Профессионал», «Спрут», «72 метр» ва дигарҳо хуб ошно аст.

Мақомоти амрикоӣ аз нуқоти доғ дар бораи пур шудани беморхонаҳо хабар медиҳанд

Фурудгоҳи байналмилалии Атланта

Мақомоти амрикоӣ аз нуқоти доғи кишвар хабар медиҳанд, ки дар паи дубора зиёд шудани шумори олудагиҳо ба коронавирус беморхонаҳои маҳаллӣ пур аз беморон шудаанд. Вазъ дар ғарбу ҷануби ИМА доғ шудааст. Дар саросари ин кишвар шумори олудашудаҳо ба коронавирус базудӣ ба 3 миллион нафар ва марги инсонҳо дар паи вирус 130 ҳазор нафар мешавад. Ин ҳолат ба зуд боз шудани иқтисодҳо ва татбиқи заъифи протоколи ҳимоят аз олудашавӣ бастагӣ дорад. Чанд аёлат, аз ҷумла Калифорния, Техас ва Флорида муқаррароти муддате пеш сабукшударо дубора шадидтар кардаанд. Дар бархе маҳалҳо даъват ба хонашинӣ садо медиҳад.

Панҷакент: Модар бо ду кӯдаки хурдсол дар оташсӯзӣ ҷон доданд

Чаҳор узви як оила бо шумули дӯ кӯдак дар натиҷаи оташсӯзӣ дар Панҷакент ҷон додаанд. Ҳодиса нимашаби 2 ба 3-юми июл рух додааст.

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, Таҳмина, келини хонадон бо ду кӯдакаш дар ҷойи ҳодиса ҷон доданд. Кӯдакон яке 2 ва дигарӣ 4 сола буданд.

Ба гуфтаи мақомот, Баён Солиев, сардори хонавода ба бемористон интиқол ёфт ва дертар дар онҷо ҷон дод.

Манбаъ мегӯяд, сабаби сӯхтор истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ буд. "Санҷиш барои муайян кардани сабабҳои дақиқи ҳодиса идома дорад,"-мегӯянд маъмурони пулиси Суғд.

Ҳодисаҳои оташ гирифтани манзил дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳад ва мақомот бештари онҳоро ба истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ барқ рабт медиҳанд.

"Гаравгон"-и режими Назарбоев бо хонаводааш Қазоқистонро тарк кард

Искандер Еримбетов.

"Искандер Еримбетов - гаравгони сиёсии пешини режими Назарбоев дар озодӣ аст ва ба Швейтсария парвоз кард",-навишт раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи Open Dialogue Foundation Людмила Козловская 4 июл дар "Фейсбук".

Козловская ҳамчунин аз рафти пешвози Еримбетову ҳамсар ва ду духтараш дар фурудгоҳи Женева аксу видео нашр кард. Наздикони Еримбетов дар шаҳри Алмато гуфтанд, ӯ ҳамроҳи ҳамсару ду духтари хурдсолаш, ки дар ватан буданд, ба Швейтсария сафар кард.

Наздикони Еримбетов аз посух ба суолҳо дар бораи он ки ӯ дар Швейтсария дархости паноҳандагӣ хоҳад кард, ё не, худдорӣ намуданд. Танҳо яке аз онҳо бо номи Асет Жаксибоев гуфт, ки Еримбетов барои табобат ба Швейтсария рафтаааст.

Вакили дифои Еримбетов - Жанара Балгабаева, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ӯ ҳимоят мекард, гуфт, шахси зери ҳимояш сахт бемор аст. Ба гуфтаи вакили дифоъ, Еримбетов дар рафти тафтишот мавриди шиканҷаи сахт қарор гирифта, сараш осеб дидааст ва аз зиндон низ вайро ба иллати беморияш пеш аз муҳлат озод карданд.

Еримбетов бо айби "пулшӯӣ" зиндонӣ шуда буд. Гӯё ӯ ғайриқонуни пулҳои БТА Бонки Қазоқистонро берун бурдааст. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва наздикони Еримбетов мегӯянд, мақомоти қазоқ ӯро ба хотири хоҳараш Ботагоз Ҷардемалӣ, ки дар Аврупо ба сар мебарад, таъқиб карданд. Ба гуфтаи волидони Еримбетов, муфаттишон мехостанд, Ҷардемалӣ, ки ба ҳайси ҳуқуқшиноси БТА Бонк ва мухолифи маъруфи қазоқ Мухтор Аблязов кор мекард, зидди Аблязов баёнот диҳад. Аблязов аз соли 2009 дар хориҷ ба сар бурда, бунёдгузори ҳаракати мухолифи "Интихоби демократии Қазоқистон" аст, ки бо қарори додгоҳ, ба рӯйхати гуруҳҳои мамнуъ шомил карда шудааст.

Мақомоти Қазоқистон ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи Еримбетовро рад мекунанд.

Қирғизистон аз Чин 500 дастгоҳи сайёри оксиген харид

Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Қирғизистон аз Чин 500 дастгоҳи сайёри оксиген харидорӣ кард, ки 5 июл тавассути як ҳавопаймои махсус ба Бишкек интиқол дода шуданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ин дастгоҳҳо бо 50 млн сом (беш аз 648 ҳазор доллар)-ре харидорӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дастгоҳҳои мазкур дар беморхонаҳое тақсим хоҳанд шуд, ки мубталоёни коронавирус бистарӣ ҳастанд. Як қисми онҳо ба минтақаҳои Қирғизистон фиристода мешаванд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки дар ин кишвар дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва оксиген намерасад. Ба гуфтаи вазорат, онҳо ба 220 дастгоҳи нафаси сунъӣ ва 2300 дастгоҳи оксиген ниёз доранд ва гуфтугӯҳо барои хариди онҳо идома дорад.

Дар Туркманистон "маъракаи риштарошӣ" дубора оғоз шуд

Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон иҷборан тарошидани риши мардон ва дар умум таъқиби онҳоеро дубора оғоз карданд, ки расму ойини исломиро пайравӣ мекунанд.

Дар шаҳри Туркманобод ва ноҳияи Фороб маъмурони пулис ва Вазорати амнияти миллии Туркманистон дар кӯчаву бозорҳо гашта, ҷавонон ва мардони то 60-солаи диндорро боздошт карда, ба шуъба мебаранд. Онҷо риши дастгиршудаҳоро иҷборан метарошанд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо "тундравони диниву ваҳҳобиҳо" айбдор мекунанд.

"Онҳо мардони ришдорро ҷосусони турк меноманд. "Шумо дар Туркия ду рӯз кор карда, инҷо аз расму ойини онҳо пайравӣ мекунед", - мегӯянд ба ришдорон", - гуфт як сокини вилояти Лебап, ки ба шуъбаи пулис интиқол ёфта буд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурон боздоштшудаҳоро суханҳои қабеҳ гуфта, таҳқир мекунанд.

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, давоми рӯзҳои ахир риши садҳо мардро дар Лебап иҷборан тарошидаанд. Дар натиҷа сокинони маҳаллӣ ба далели тарс аз таъқиб ихтиёран ришҳои худро метарошанд.

Мақомоти Туркманистон солҳои ахир мубориза бо мондани ришро пурзӯр кардаанд. Соли гузашта туркманистониҳои аз 20 то 55-сола ба иллати доштани риш ба ҳавопаймо роҳ намеёфтанд. Бештари онҳо маҷбур мешуданд, риши худро дар фурудгоҳ тарошанд.

Дар Сибир ба ёдгории қурбониёни "таъқиботи сталинӣ" ранг молиданд

Ёдгории қурбониёни таъқиботи сиёсӣ дар замони Шӯравӣ дар Иркутск

Дар шаҳри Тайшети Сибири Русия ба рӯи навиштаҳои ёдгории қурбониёни таъқиботи сиёсӣ дар замони Шӯравӣ ранг молидаанд.

Сохтмони ин майдон, ки дар он ёдгорӣ гузошта шудааст, ҳафтае пеш анҷом ёфта буд.

Ба навиштаи бахши русии Радиои Озодӣ ҳодиса шаби 4-уми июл рӯх додааст ва навиштаи болои ин ёдгорӣ дида намешавад.

Ин ёдгорӣ ба хотири онҳое бунёд шудааст, ки дар замони раҳбарии Сталин зиндон шудаанд.

Дар солҳои 30-уми асри гузашта дар авҷи саркубгариҳои сиёсӣ, ки бо номи “таъқиботи сталинӣ” маъруф аст, дар ҳудуди Тайшети Сибир макони бузурги нигаҳдории маҳбусони сиёсӣ ҷой дошт. Аз тариқи истгоҳе аз ин макон маҳбусонро ба Сибири Шарқӣ ва ба Шарқи Дур интиқол медоданд.

Миллионҳо шаҳрванди Шӯравӣ дар замони раҳбарии Сталин, дар солҳои 1924-53 таҳти таъқиб қарор доштаанд.

Пуштибонӣ аз рӯзноманигоре, ки ба "ҳимоят аз терроризм" муттаҳам мешавад

Светлана Прокопева

Беш аз 30 рӯзноманигори рус ба ҳимоят аз Светлана Прокопева, рӯзноманигор аз шаҳри Пскови Русия бархостанд, ки бо иттиҳоми “ҳимоят аз терроризм” ӯро то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Онҳо дар изҳороте, ки рӯзи 4-уми июл нашр шуд, гуфтаанд, “қобили қабул нест, ки рӯзноманигор барои фаъолияти касбӣ маҳкум мешавад".

Ирина Малкова, сардабири нашрияи интернетии “The Bell” навиштааст, ки "ҷоиз нест, ки барои қасд гирифтан аз рӯзноманигорон барои сухани озод гуфтан онҳоро бо гардиши маводи мухаддир тӯҳмат мекунанд, дастонашонро мешикананд ва ё ба зиндон меандозанд”.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин рӯзноманигор феврали соли 2019 боз шуд. Прокопеваро барои шарҳаш дар радиои "Эхо Москвы в Пскове" дар моҳи ноябри соли 2018 муҳокима мекунанд. Ӯ дар ин сӯҳбаташ дар бораи худкушии як мард дар даромадгоҳи дафтари ФСБ-и Архангелск сӯҳбат карда ин ҳолатро ҳамчун эътироз алайҳи қонуншиканиҳои ходимони ҳифзи қонун арзёбӣ карда буд. Назарҳояшро ӯ баъдан дар як блогаш ҳам чоп кард. Прокопева дар додгоҳ гуфт, ки ин суханҳоро ба он хотир гуфт, ки амалҳои террористӣ дар оянда такрор нашаванд. Ба саволи додрас дар бораи он ки "оё ӯ терроризмро сафед мекунад?", – Прокопева гуфт, навиштаҳои ӯ барои ҳимоят аз мардум равона шуда буд.

Ба ҳимояи Прокопева журналистон, созмонҳои ҳомии озодии баён, сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятии Русияву кишварҳои дигар садо баланд карданд.

Теъдоди гирифторон ба коронавирус дар Русия афзоиш ёфтааст

Ташхиси коронавирус дар Русия

Дар як рӯзи охир дар Русия 6736 ҳолати сирояти сокинон ба коронавирус сабт шудааст. Ин каме бештар аз як рӯзи пеш аст. Аз COVID-19 дар як шабонарӯз дар Русия 134 нафар фавтидааст ва ба гуфтаи мақомот, бештар аз 3 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Дар Русия аз оғози бӯҳрони коронавирус то ҳол беш аз 680 ҳазор нафарро ҳамчун гирифтор ба ин вирус сабт кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия бештар аз 450 ҳазор нафар шифо ёфта, беш аз 10 ҳазор нафар фавтидааст.

Сафорат гуфт, ки чиптаҳои парвози Франкфурт-Душанбе пурра фурӯхта шудаанд

Ҳавопаймои ширкати "Сомон-эйр"

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон гуфт, ки чиптаҳо барои сайрхати Франкфурт-Душанбе пурра фурӯхта шудаанд.

Пештар, сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо, ки азми бозгашт ба ватанро доранд, даъват карда буд, ки барои 8-уми июл аз ширкати “Сомон-эйр” чипта бихаранд. Арзиши чиптаро ширкати “Сомон-эйр” 463,21 евро эълон карда буд.

Аз ин рӯ, сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки рӯзи 8-уми июл афроде, ки чипта надоранд, ба фурудгоҳи Франкфурт наоянд, чун имкони фуруши чипта дигар мавҷуд нест.

Зимнан, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 10-уми июл дар масири Душанбе-Минск-Душанбе парвоз ба нақша гирифта шудааст.

Аз охири моҳи апрел ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус Тоҷикистон парвозҳо ба хориҷи кишварро қатъ кард. Аз охири моҳи май парвозҳои маҳдуди чартерӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба гуфтаи мақомот, аз ин тариқ шаҳрвандони дармондаро ба ватан бармегардонанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG