Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарвоз: Муаллимони қарздор ва мактабҳои камомузгор


Мақомоти вилояти Бадахшон идораи молияи ноҳияи Дарвозро ба пардохти ғайриқонунии беш аз 50 ҳазор сомонӣ ба омузгорони ноҳия муттаҳам сохта, тақозо намудааст, ки ин маблағ ҳар чи тезтар ба буҷа бозгардонда шавад.

Аммо масъулини идораҳои молия ва маъорифи ноҳия изҳор медоранд, ки онҳо мактуби дастурии якҷояи вазоратҳои маъориф ва молияро дар мавриди ҷорӣ намудани бархе аз маҳдудиятҳо дар пардохти ҳақи меҳнат ба омузгорон ва истифодаи имтиёзҳо дар ҳоле дарёфт намудаанд, ки пул аллакай пардохт гардида буд ва бозгардони он ба мушкилот рӯ ба рӯ шудааст.

Дар ҳамин ҳол сармутахассиси идораи маъорифи вилоят Хушназар Абдулҳасанов кӯшиши бозгардондани пули пардохтшуда ба омузгоронро амали ғайриқонунӣ арзёбӣ кард. Вай гуфт, шояд қисме аз ин маболиғ, ки барои истифодаи имтиёзҳо пардохт гардидааст, бозгардонда шавад, аммо ҳеҷ кас ҳақ надорад музди меҳнати дарсҳои иловагиро, ки омузгорон бо талабагон гузарондаанд, аз дасташон бозпас бигирад.

Сармутахассиси идораи маъориф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки макотиби ноҳияи Дарвоз ба бештар аз 100 нафар омузгор эҳтиёҷ доранд, аммо мактуби дастурии вазоратҳои молия ва маъориф, ки гуфта мешавад, ба хотири баланд бардоштани сифати таълиму тарбия пардохти музди меҳнати дарсҳои иловагиро барои сарварони макотиб дар ҳудуди 12 ва омузгорон 36 соат маыҳдуд кардааст, боиси ба вуҷуд овардани вазъи боз ҳам буҳронитар дар макотиби ноҳия гардидааст.

Вай гуфт, алҳол ҳар ҳафта дар макотиби ноҳия зиёда аз 560 соат ба талабагон аз рӯи фанҳои мухталиф ва муҳим, ба мисли риёзиёт, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, дарс дода намешавад. Хатмкунандагон дар чунин ҳол ҳангоми дохил шудан ба макотиби олӣ душворӣ хоҳанд кашид. Вай афзуд, дар мактаби маҳалли Сангев сарвари мактаб мутахассиси фанни риёзӣ ҳаст, аммо фанни геометрия таълим дода намешавад. Дар бештари макотиб фанҳои зиёде таълим дода намешаванд, зеро ҳавасмандии моддӣ аз байн бурда шудааст ва ҳеҷ кас ба таври ҳашарчигӣ кор кардан намехоҳад.

Аммо муъовини сардори идораи молияи вилоят Мирзоҷон Мирзоҷонов баён дошт, ки пули ғайриқонунӣ ба омузгорон пардохтшуда бояд ба буҷа баргардонда шавад. Вай баён дошт, ки пардохти ғайриқонунӣ бо айби идороти марбутаи ноҳия ба амал омада, аз ҷониби худи оныҳо ошкор шудаст ва ҳамакнун бояд онҳо роҳи бозгардони ин маболиғро пайдо кунанд.

Вале як омузгор аз ноҳияи Дарвоз, ки нахост номаш зикр шавад, ба хабарнигори «Озоди» гуфт, омузгорони макотиби ноҳия зимни як мактуби дастҷамъӣ ба Маҷлиси Намояндагон тақозои кумак дар ҳимояи ҳуқуқи хеш ба музди меҳнаташон шудаанд. Вай гуфт, агар музди меҳнати барои дарсҳои иловагии гузаронидашуда аз онҳо бозпас гирифта шавад, омузгорон омода ҳастанд, ки ҳуқуқашонро ба музди меҳнат дар додгоҳ дифоъ кунанд.

XS
SM
MD
LG