Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати мақомоти аршади неруҳои ҳавоии Лаҳистон


Бар асари суқути ҳавопаймои низомии боркаш дар шимоли Полша ё Лаҳистон 19 сарнишин, аз ҷумла, чанд тан аз раҳбарони аршади неруҳои ҳавоии кишвар ба ҳалокат расиданд. Онҳо ширкаткунандагони як конфаронс оид ба амнияти парвозҳо буданд. Айни ҳол дар ҷойи фоҷиа корҳои ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ идома дорад. Доналд Туск, сарвазири Лаҳистон ба таври оҷил ба ҷойи ҳодиса парвоз кард. Раиси ҷумҳур Лех Качинский низ тасмим гирифт сафари расмии худ ба Хорватияро қатъ карда фардо ба кишвар баргардад.

XS
SM
MD
LG