Ба навиштаи ин маҷалла, дар бархе нуқоти Тоҷикистон мардум даст ба эътирозҳо мезанад ва аз ҳукумат тақозои расидагии фаврӣ ба мушкили бебарқиро мекунанд. Der Spigel дар шумораи ахири худ менависад, худи президент Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби беморӣ муддате пеш дар Баден-Бадени Олмон мавриди муоинаву муолиҷа қарор доштааст.
Der Spigel меафзояд, ки ин масъала ва фаъолияти афзояндаи дастаҳои ба ҳам рақиб, ки барои касби қудрат дар Тоҷикистон мубориза мебаранд, боиси заъифшавии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мешаванд.
Аз сӯи дигар, ба навиштаи ин матлаб, нуфузи тундгароҳои исломӣ дар ин кишвар боло мегирад ва гурӯҳи Ҳизб-ут-Таҳрир дар саросари Тоҷикистон бо фаъолиятҳои ғайрирасмиаш талош дорад ба сафҳои худ тарафдорони бештарро ҷалб кунад. Ин гурӯҳ мехоҳад бар зидди нуфузи истеъмории Русия мубориза барад, мегӯяд маҷаллаи олмонӣ.