Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Душанбе барқи бештар ваъда дод


Ҷамшед Мансуров, ноиби шаҳрдори Душанбе.
Ҷамшед Мансуров, ноиби шаҳрдори Душанбе.

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, сар аз 24 январ барои масрафоти сокинони пойтахт як миллион киловатт соат нерӯи барқи изофӣ интиқол дода мешавад.

Ҷамшед Мансуров - муовини раиси шаҳри Душанбе, ки вазъи таъминоти пойтахт бо неруи барқро тавзеҳ мекард, гуфт, раҳбарияти ширкати алюминийи тоҷик розӣ шуд, ки аз ҳисоби коҳиш додани ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ин миқдори нерӯи барқ ба сокинони пойтахт интиқол дода шавад.

Аммо нишасти хабарии масъулони шаҳрдории Душанбе дар ҳоле доир мешавад, ки аксари маҳаллоти пойтахт аз истифодаи нерӯи барқ комилан маҳрум шуда ва интиқоли соатбаъйи он низ риоят намешавад. Дар бархе аз маҳаллоти пойтахт интиқоли нерӯи барқ беш аз як ҳафта мешавад, ки комилан қатъ шуда ва дар қисмати дигари шаҳр шабакаҳои обрасонӣ низ аз фаъолият бозмондааст.

Ҷамшед Мансуров - муовини раиси шаҳри Душанбе иллати бидуни огаҳии қаблӣ қатъ гардонидани барқ ва риоят нагардидани реҷаи интиқоли он дар пойтахтро ба коҳиши ҳаҷми интиқоли неруи барқ аз ҷониби Узбакистону Туркманистон нисбат дод. Муовини раиси шаҳри Душанбе гуфт, иллати аз фаъолият бозмондани шабакаҳои обрасонии пойтахт низ ба набуди нерӯи барқ вобастааст. Зеро ин шабакаҳо тавассути нерӯи барқ фаъолият мекунанд.

Дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки чаро ба рағми таъкиди раисҷумҳур, ки ба ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чархаи нахусти Сангтӯда -1 мегуфт, минбаъд барои аҳолӣ як соат бештар неӯи барқ дода мешавад, вале баръакс интиқоли он бамаротиб коҳиш меёбад, гуфт, дар ҳоли ҳозир, истеҳсоли барқи чархаи аввали Сангтуда-1 ғайриимкон аст. Зеро, дар ҳоли ҳозир, барқи тавлидшудаи он барои худи ин нерӯгоҳ истифода мешавад.

Дар ин нишасти хабарӣ зикр гардид, ки барои масрафоти шабонарӯзии пойтахт даҳ миллион киловатт соат нерӯи барқ лозим аст, аммо, дар ҳоли ҳозир, барои сокинони Душанбе шаш миллион ва аз ин ҳам камтар интиқол дода мешудааст.

XS
SM
MD
LG