Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритнӣ Спирс ба Амрико миллионҳо доллар фоида меорад


Дар шумораи имрӯзи нашрияҳои ғарбӣ таваҷҷӯҳ ба ҷараёни воқеоти сиёсии Русия таваҷҷӯҳ зиёд ба назар мерасад.

Рӯзномаи олмонии «Ди велт» сӯҳбати вазири хориҷаи Олмон Гернот Эрлерро ба нашр расондааст. Ба андешаи рӯзнома, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев пирӯз шуда ва Владимир Путин сарвазири ин кишвар таъин хоҳад шуд ва дар зимн назари оқои Эрлерро дар мавриди ояндаи Русия пурсон шудааст.

Рӯзнома менависад, вазири хориҷаи Олмон бар ин аст, ки дар сурати чунин ҷараён гирифтани вазъи сиёсӣ дар Русия, сиёсати ба мерос гирифтани раҳбарии давлат идома карда, самти сиёсӣ тағйири ҷиддӣ нахоҳад хурд ва Дмитрий Медведев ба қавле танҳо масъулияти намояндагиро анҷом хоҳад дод. Ӯ ҳамчунин афзудааст, интизор меравад, мақоми сарвазирӣ дар Русия, ки феълан заъиф аст, бонуфузтар гашта ва дар бештарин маврид нақши калидиро ба даст хоҳад гирифт.

Рӯзномаи фаронсавии «Ле Фигаро» дар шумораи ахири худ навиштааст, Эрон дар дарёфти маводи радиоактивӣ муттаҳам мешавад. Рӯзнома навиштааст, ин маводи радиоактив бар изофаи мақсадҳои осоишта ҳамчунин имкон дорад бо ҳадафи тавлиди бомбҳое, ки иқтидори маҳви даҳҳо ва садҳо нафар дар манотиқи зичи сукунати одамонро дорад, истифода шавад.

Ба навиштаи «Ле Фигаро», коршиносони масоили силоҳи ҳастаӣ бар инанд, ки вуқуъи ин ҳодиса бонги хатар дорад. Зеро, мегӯянд, Тсезий-137 барои анҷоми амали террористии радиологӣ хеле мувофиқ аст. Ва нашрия афзудааст, пас аз анҷоми ҷанги сард дар Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи фурӯши маводи радиоктивӣ ва ҳастаӣ нигаронкунанда аст.

Рӯзномаи «Ди пресс»-и чопи Австрия навиштааст, чунин ба назар мерасад, ки меросбари Туркманбошӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ба мисли ӯ дар рӯ ба рӯи эҳсоси сармастии ҳукумат муқобила карда наметавонад. Рӯзнома менависад, зарбаи ахири президенти кунунии Турманистон он буд, ки аз боми манзилҳои сокинони кишвараш мавҷгирҳои моҳвораи комилан маҳв карда шуд, ва меафзояд, вале мардумаш иҷоза пайдо карданд, ки ба сирк ва опера раванд. Ва ба қавли рӯзнома, меросбари диктатори собиқ аз бозшавии Туркманистон огаҳӣ медиҳад, аммо роҳи демократия ба кишварашро бастааст.

Нашрияи англисии «Дейли телеграф» менависад, муҳаққиқон таҳқиқ кардаанд, ки он теъдод ҳунармандони синамои Ҳоливуд, ки умеди дарёфти ҷоизаи «Оскар» фақат бо як истеъдоди худро доранд, сахт иштибоҳ мекунанд. Рӯзнома навиштааст, муҳаққиқон ба дунболи омӯзиши сарнавишти 20 ҳазор филм ба чунин хулоса расидаанд, ки муваффақтарин имкони дарёфти ҷоизаи бонуфузи синамои «Оскар» бозидани нақши асосӣ дар кадом як драмма мебошад ва ин имкон дар ҳоле ҳам меафзояд, ки ин филм дар он соле ба саҳна баромада бошад, ки дар он сол филми камтар наворбардорӣ шудааст. Ҳамчунин, бар изофа, занон имкони бештари муваффақ ба дарёфти ин ҷоиза шуданро бештар доранд.

Ва рӯзномаи амрикоии «Вашингтон пост» менависад, овозхони маъруф Бритни Спирс ҳар сол ба иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 110-120 миллион доллар даромад меовардааст. Зеро, ба навиштаи рӯзнома, аксари ширкатҳои маъруфи таблиғотӣ ва ҳатто тарабхонаҳо аз маъруфияти номи ин овозхон истифода карда миллионҳо доллар манфиат меёбанд ва албатта қисмате аз ин даромадро барои молиёт пардохт мекунанд. Ба қавли рӯзнома, ҳатто яке аз тафреҳгоҳҳои шабона дар шаҳри Лас-Вегас қимати нишастан дар мизи паҳлуи Бритни Спирсро 50 ҳазор доллар муқаррар карда ва ҳам ин маблағро дарёфт кардааст. Ва меафзояд, худи Бритни Спирс барои ширкат дар кадом як маросим ва ё маърака аз 250 то 400 ҳазор доллар фоида дарёфт мекардааст.

XS
SM
MD
LG