Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии таҳримҳои нав нисбати Эрон


Вазирони хориҷаи панҷ кишвари доимии Шӯрои амнияти СММ бо шумули Олмон имрӯз дар Берлин барои баррасии даври сеюми таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкили ҷаласа карданд. Бо сабаби мухолифати Эрон ба хатми фаъолиятҳои ғанисозии ураниум, ИМА, Фаронса, Бритониё ва Олмон хоҳони эъмоли таҳримҳои бештар болои Теҳрон шудаанд. Аммо Чин ва Русия то ҳол зарурати ҷорисозии таҳримҳои навро зери суол мебаранд. Вазири хориҷаи Олмон Френк Валтер Штенмайер имрӯз гуфт, ки натиҷаи нишасти имрӯза ба Эрон намоиш хоҳад дод, ки ҳанӯз ҳам нигарониҳо нисбати барномаи ҳастаии ин кишвар боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG