Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишвар дар ростои вазъи фавқулода?


Реҷаи интиқоли барқ шадидан маҳдудтар шудааст. Раҳбари «Барқи Тоҷик» аз «бӯҳрон» ва «вазъи изтирории эҳтимолӣ дар моҳи феврал» ҳадс задааст.

Шурӯъ аз имрӯз, 22 январ, интиқоли нерӯи барқ ба куллияи корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистон, ба истиснои чанд корхонаи бузург қатъ шудааст.

Талко, корхонаи сементбарорӣ, корхонаҳои орд ва нонпазӣ, беморхонаҳо аз ҷумлаи маҳаллҳои муҳимми стротежие будаанд, ки ин маҳдудият онҳоро дахл накардааст.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ бо нақл аз Шарифхон Самиев, раҳбари ширкати «Барқи Тоҷик» навиштаанд, интиқоли нерӯи барқ ба Талко 2 миллион киловат соат ҳар шабонарӯз коҳиш дода мешавад. Ӯ гуфтааст, ба миқдори як миллион киловатт соат ҳар шабонарӯз реҷаи барқи вилоятҳи Суғду Хатлон ва навоҳии тобеъи марказ низ маҳдудтар мегарданд.

Дар мавриди интиқоли барқ ба хонаҳои аҳолии пойтахти Тоҷикистон, раҳбари «Барқи Тоҷик» гуфтааст, дар маҳаллаҳои Душанбе як шабонарӯз пас барқ аз соати даҳи шаб то панҷи субҳ хомӯш карда мешавад.

Оқои Самиев дар шарҳи иллатҳои ташдиди маҳдудияти реҷаи интиқоли барқ гуфт, сардиҳои камназири ахир ва поин рафтани сатҳи об дар обанбори Норак боис шудаанд, ки ин тасмимот гирифта бишавад.

Ӯ гуфт, бо ҳаҷми феълии истифодаи нерӯи барқ, захоири об дар обанбори Норак танҳо то даҳаи аввали моҳи феврал кофӣ хоҳад буд, ва баъд аз он эҳтимолан, вазъ ба андозае бӯҳронӣ хоҳад шуд, ки шояд вазъи изтироӣ эълон бишавад.

XS
SM
MD
LG