Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши муҳосираи борикаи Ғаза


Исроил муҳосираи борикаи Ғазаро андаке коҳиш хоҳад дод. Имрӯз ва фақат барои як рӯз интиқоли дорувор барои мардум ва маводи сӯхт барои ягона дар ин минтақа неругоҳ аз сар гирифта мешавад. Ин неругоҳ бар асари нарасидани маводи сӯхт ҳафтаи гузашта кори худро мутаваққиф карда буд.

Тасмими ахири Исроил баъд аз нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди бад шудани вазъи башарӣ дар борикаи Ғаза гирифта шудааст. Иттиҳодияи Аврупо тасмими Исроил оид ба муҳосираи Ғазаро чун “муҷозоти коллективӣ” маҳкум кард. Қарор аст, ки Шӯрои амнияти Созмони Милал бо дархости Лигаи кишварҳои араб вазъи борикаи Ғазаро дар як нишасти вижа баррасӣ кунад.

Исроил мегӯяд, ки муҳосираи борикаи Ғаза – вокуниш ба мушакборони қаламрави кишвар аз сӯи мусаллаҳони фаластинист. Борикаи Ғаза аз тобистони соли гузашта ба ин сӯ таҳти назорати ҷунбиши ҲАМОС қарор дорад.
XS
SM
MD
LG