Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти узви дастаи Маҳмуд Худойбердиев


Дар додгоҳи Суғд бозбинии парвандаи як сокини ноҳияи Б. Ғафуров бо иттиҳоми мансубият ба дастаи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев оғоз ёфт.

Маҳмуд Ғуломов, раиси додгоҳи Суғд, дар ин бора гуфт, ки додгоҳ алайҳи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Аҳмад Раҳмонов аз рӯи банди 305-и Асноди ҷиноии Тоҷикистон – хиёнат ба ватан - пешниҳод кардааст.
Ӯ афзуд, ки мурофиаи ин парванда дар додгоҳи Суғд паси дарҳои баста сурат мегирад ва ба далели пинҳон доштани сирри тафтишот наметавонад аз ин беш маълумот диҳад.
Дар бораи аъмоли Аҳмад Раҳмонов дар долони додгоҳ нақл кард. Ҳамсари вай Дилафрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли 2001, баъд аз се соли ҳамлаи М. Худойбердиев ба вилояти Суғд шавҳараш Аҳмад Раҳмоновро афроди номаълум аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳи фиреб ду маротиба ба қароргоҳи размандаҳои Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Бекободи Узбакистон бурдаанд. Дар онҷо бо зӯрӣ ва латукӯб аз ӯ забонхат мегиранд, ки ба гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев ҳамкорӣ намуда, сокинони Суғдро ба он ҷалб хоҳад кард, Аҳмад ин гуна ҳамкориро рад кард ва ба хонааш баргашт. Сипас, афзуд Дилафрӯз, дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ӯ ба Русия ба мардикорӣ рафт.
Боздошти Аҳмад Раҳмонов, ба гуфтаи ҳамсараш, дар моҳи сентябри соли 2007 дар зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби кормандони мақомоти амниятиву интизомии Суғд сурат гирифтааст.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар қаламрави Узбакистон пойгоҳҳои низомии Маҳмуд Худойбердиев то ба имрӯз вуҷуд дорад ва фаъолият мебарад.
Аз замони ҳамлаи М. Худойбердиев ба вилояти Суғд то ба имрӯз дар Тоҷикистон наздики 200 нафар бо ҷурми мансубият ба дастаи вай боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG