Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Баёнияи сахти Олмон доир ба Эрон

Вазири умури хориҷаи Олмон Франк Валтер Штайнмайер имрӯз гуфт, ҷомеаи байналмилал “наметавонад иҷоза диҳад ва нахоҳад гузошт”, то Эрон фанновариҳои лозим барои тавлиди силоҳи атомӣ бисозад. Ин баёнияи Франк Валтер Штайнмайер пеш аз гуфтӯгуяш бо мудири Оҷонси Байналмилалиии Энержии Атомӣ Муҳаммад Ал-Бародаӣ садо, ки ӯ чанде пеш аз Теҳрон баргашт. Олмон аз намояндагони панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милалро даъват кардааст, то барои баррасии таҳримоти тоза ба зидди Эрон ҳафтаи оянда ба ин Берлин сафар кунанд. Эрон бо вуҷуди талаби Созмони Милал то кунун фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттафақиф накардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Анҷумани журналистон: Скурко бояд ба беморхонаи мулкӣ интиқол ёбад

Андрей Скурко, раиси бахши таблиғот ва бозорёбии нашрияву вебсайти маъруфи “Наша Нива“ 8 июл дар дафтари кориаш дар шаҳри Минск боздошт шуд. Ӯ бемори диабети қанд аст

Анҷумани журналистони Беларус аз мақомоти Минск тақозо кард, ки корманди матбуот Андрей Скуркоро, ки дар шароити боздоштгоҳ ба нишонаҳои коронавирус гирифтор шудааст, барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол диҳанд. Дархости анҷуман рӯзи 29 июл ба унвонии раёсати зиндонҳои вазорати умури дохилӣ ва вазорати тандурустии Беларус ирсол шуд. Дар номаи журналистон тақозо шудааст, ки Скурко ба таври оҷил ба як беморхонаи мулкӣ интиқол ёбад.

Скурко, раиси бахши таблиғот ва бозорёбии нашрияву вебсайти маъруфи “Наша Нива“ ҳамроҳ бо чанд ҳамкораш рӯзи 8 июл дар дафтари кориаш дар шаҳри Минск боздошт шуд. “Наша Нива” гуфт, ки Скуркои 43-сола бо сабаби ошкоршавии мушкили марбут ба тағйироти сохторӣ дар шушҳояш ба боздоштгоҳи низомие интиқол дода шуд. Дар гузориш омадааст, ки бо сабаби ба COVID-19 гумонбар шудани Скурко ҳамутоқони ӯро дар карантин ҷой карданд. Қабл аз ин 13 рӯз Скурко дар як боздоштгоҳи дигаре нигаҳдорӣ мешуд, ки бо қоидаҳои сахту сангинаш маъруф аст. Дар ин боздоштгоҳ катҳои хоб кӯрпаву болишт надоранд ва Скурко аз дастрасӣ ба доруҳои зидди диабети қандаш маҳрум буд. Анҷумани журналистони Беларус навиштааст: “Андрей Скурко як бемори диабети қанд аст, ки пайваста ба инсулин ниёз дорад. Барои нафарони мисли ӯ олудашавӣ ба коронавирус марговар буда метавонад”.

Муқаррароти нав дар ИМА дар заминаи пешгирӣ аз олудашавиҳо

Бархе идораҳои низомӣ, мисли ин, ҳанӯз ҳам кори худро фосилавӣ анҷом медиҳанд

Президент Ҷо Байден рӯзи 29 июл гуфт, ки тамоми кормандони сохторҳои федеролии ИМА, ки аз COVID-19 эм нашудаанд, бояд дар маҳалли кор ниқоб пӯшида фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд ва ҳам ба таври мунтазам тести зидди коронавирус супоранд. Байден, ки сокинони Амрикоро ба эмкунии ҳатмӣ даъват кардааст, гуфт, ҳамаи эмшудаҳо бояд аз санҷиши воксинасия ҳам гузаранд. Сиёсати нави ҷоришуда аммо эмкунии ҳатмии кормандони сохторҳои федеролиро пешбинӣ намекунад. Ин қарор инчунин ба низомиёне рабт надорад, ки ҳоло дар хидмати ҳарбӣ ҳастанд, вале Байден гуфт, ки аз вазорати дифои кишвараш тақозо мекунад, ки эмкунӣ бар зидди COVID-19 ба феҳристи воксинаҳои ҳатмии ходимони низомӣ ворид карда шавад.

Президенти ИМА гуфт, дар ним соли охир, ки маъракаи эмгузаронӣ ба таври фаъол ҷараён дорад, 164 миллион амрикоиҳо аз коронавирус эм карда шуданд, вале пайдоиши навъи босуръат паҳншавандаи вирус, ки онҳо “Делта” номгузорӣ кардаанд, мавҷи нави олудашавиҳо дар саросари сайёраро ба миён овардааст. Байден гуфт, ҳар қадар шумори бештари мардум эм карда шавад, хуб аст, вале боз ҳам “мо ҳанӯз пурра аз ин анбӯҳ берун нашудаем”.

Даъват ба кӯмаки Литва дар пешорӯи бӯҳрони муҳоҷират

Литва, деҳаи марзии Веребияй. Муҳоҷирони ироқӣ дар як урдугоҳе ба сар мебаранд. Июли соли 2021

Як мақоми баландпояи Комиссиюни Аврупо оид ба муҳоҷират аз аъзои Иттиҳоди Аврупо тақозо кард, ки дар заминаи таҷаммӯи ҳазорҳо муҳоҷирони ғайриқонунии аз хоки Беларус ба Литва гузашта мусоидат кунанд. Вазоратҳои дифои кишварҳои Балтика ҳамзамон Беларусро дар “ҳамлаҳои гибридӣ” ё омехта айбдор карданд. Литва ва мақомоти ИА гуфтанд, ки Беларус муҳоҷирон, асосан сокинони Ироқро ба хоки кишварҳои Балтика роҳ медиҳад ва ин амалаш қассосгирӣ барои пуштибонии Аврупо аз мухолифони режими саркӯбгари Александр Лукашенко мебошад.

Илва Йоҳанссон, мудири умури дохилии ИА дар номае ба унвонии вазирони умури дохилии кишварҳои ИА рӯзи 29-уми июл навишт, “истифодаи инсонҳо ҳамчун абзори ҳадафҳои сиёсӣ бояд хотима дода шавад. Бартарияти аввали мо ин аст, ки барои таъмини амнияти марзӣ бо Беларус ба Литва мусоидат кунем”.

Мақомоти Литва гузориш доданд, ки соли ҷорӣ 3 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ марзи ин кишварро убур кардааст, дар ҳоле, ки соли гузашта шумори онҳо ҳамагӣ 81 нафар буд. Тибқи гузоришҳо, Лукашенко дар вокуниш ба таҳримҳои болои Минск баъди интихоботи баҳсбарангези президентии августи порсол ва саркӯби эътирозгарон батакрор таҳдид кардааст, ки ба муҳоҷирон барои убур ба хоки ИА роҳро боз мекунад. Дар натиҷа, рӯзи 29 июл вазирони се кишвари назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстонияву аъзои НАТО ба мувофиқа расиданд, ки барои расидагии беҳтар ба бӯҳрони муҳоҷират амалҳои худро беҳтар ҳамоҳанг хоҳанд кард. Арвидас Арусаускас, вазири дифои Литва гуфт, “вазъияти дар марз баамаломада як бӯҳрони маъмулии муҳоҷират нест, ин як ҷанги гибридӣ ба хотири ба ҳам задани суботи ИА, НАТО ва, ба вижа, давлатҳои Балтика мебошад.

Бонки миллии Қирғизистон ширкати мобилии "Мегаком"-ро мехарад

Бонки миллии Қирғизистон мумкин аст, ки ширкати мобилии "Мегаком"-ро харидорӣ кунад. Дар ин бора Мирлан Бакиров, раиси Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон рӯзи 29 июл хабар дод.

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, саҳмияҳои чаҳор ширкати давлатӣ: "Мегаком", "Бунёди кафолат", "Бонки каромат" ва "Бонки амонатгузории Авруосиё"-ро фурӯшад.

Бакиров гуфт, комиссияи вижа муайян мекунад, ки саҳмияҳои ин ширкатҳо чи гуна фурӯхта шаванд: аз тариқи музояда, озмун ё мустақим.

"Яке аз муштариҳои асосӣ барои харидани ширкати мобилӣ Бонки миллии Қирғизистон аст. Агар бонк ширкати мобилиро харидорӣ кунад, пас ширкат дар тавозуни давлат боқӣ мемонад", - гуфт Бакиров.

Ҳукумати Қирғизистон борҳо талош кард, ки ширкати мобилии "Мегаком"-ро фурӯшад. 100% саҳмияҳои ин ширкат дар ихтиёри давлат аст.

Муҳоҷирони узбек дар Калининград аз шароити сахти корӣ шикоят доранд

Муҳоҷирони узбек дар Калининград.

Гуруҳе аз муҳоҷирони Узбекистон, ки дар корхонаи коркарди моҳӣ дар вилояти Калинингради Русия кор мекунанд, аз маоши кам ва мусодира шудани шиносномаҳояшон аз сӯи корфармо, шикоят доранд. Ин муҳоҷиронро аз вилоятҳои Андиҷон ва Қашқадарёи Узбекистон ба корхонаи “За Родину!” бурдаанд.

Ба гуфтаи яке аз коргарони андиҷонӣ, раҳбарияти ширкати "Григорян", ки онҳоро ба кор дар корхонаи коркарди моҳӣ қабул кард, шиносномаҳояшонро гирифтааст.

"Дар аввал гуфтанд, ки дар корхонаи парандапарварӣ кор мекунед, вале ба корхонаи коркарди моҳӣ оварданд. Инҷо моҳӣ тоза мекунем. Мо гуфтем, ки шароити корӣ ба мо писанд нест. Вале корфармо дар посух гуфт, то 50-ҳазоррублӣ пули билети ҳавопайморо напардозем, шиносномаҳои моро намедиҳанд. Бархеҳо бояд 100 ҳазор рубл пардозанд", - афзуд ӯ. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи худи муҳоҷирон, пули чиптаи онҳо на 50 ҳазор, балки 16 ҳазор рубл аст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар корхонаи "За Родину" беш аз 500 муҳоҷир кор мекунад ва онҳо маҷбур ҳастанд, талаби корфарморо иҷро кунанд, чун тавони пардохти пули гуфтаи ӯро надоранд.

Миллиардери чинӣ барои интиқоди ҳукумат 18 сол зиндонӣ шуд

Сун Даву, тоҷири маъруфи чинӣ.

Мунтақиди машҳури Ҳизби коммунистии Чин, миллиардер Сун Даву бо ҷурми "ангехтани бадбинӣ" се миллион юан ҷарима ва 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои расонаи хабарии South China Morning Post, додгоҳи шаҳри Гаобейдяни Чин Сунро ба он айбдор донистааст, ки гӯё ӯ гуруҳи одамонро барои ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ таҳрик дода, тиҷорати ғайриқонунӣ доштааст. Ҳамчунин вай гӯё заминҳоро ғайриқонунӣ ғасб карда, "мушкил эҷод менамудааст".

Суни 67-сола раҳбари як корхонаи кишоварзие аст, ки дар он 9 ҳазор одам кор мекунад. Ӯ аз камтарин одамоне дар Чин буд, ки соли 2019 ҳукумати ин кишварро ба пинҳон кардани паҳншавии зукоми африқоии хук ошкоро танқид кард. Он замон беш аз 100 миллион хук бар асари ин беморӣ ҳалок шуда буд. Вай дар суҳбат бо телефизиони CNN гуфт, мақомот танҳо баъд аз нашр шудани акси ҳайвонҳои ҳалокшуда розӣ шудаанд, чорвои ӯро аз санҷиш гузаронанд.

Бино ба гузориши Reuters, соҳибкор дар пайи ин кори худ бо як корхонаи давлатӣ вориди баҳси замин шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи Чин гуфтанд, "Сун ба хотири дастгирии ҳуқуқи инсон муҷозот шудааст".

Қирғизистон 60 хонаи осебдидаро дар низои марзӣ бо Тоҷикистон барқарор кардааст

Деҳаи Мақсат, ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, моҳи июли 2021

Муовини вазири иқтисод ва молияи Қирғизистон рӯзи 29-уми июл дар ҷаласаи порлумони он кишвар гуфт, сохтмони 60 манзили зист дар вилояти Бодканд, ки дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон осеб дида буданд, ба поён расидааст.

Дониёр Имоналиев, дар ин бора дар посух ба интиқодҳои як вакил дар мавриди ба дарозо кашидани бунёди хонаҳои осебдида хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмони хонаҳои мазкур ба далели дер расидани маҳсулоти сохтмонии онҳо аз Туркия тӯл кашид.

"Аз 140 хона сохтмони 60-тоаш ба поён расидааст. 15 хонавода аллакай ба манзилҳои нави худ даромадаанд", -- афзуд ӯ.

Пештар намояндаи махсуси президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Маъмурҷон Раҳимов, гуфта буд, теъдоди хонаҳое, ки дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон тахриб шудаанд, ба 140 расидааст. Пештар шумори онҳо 136 адад гуфта мешуд.

Ба гуфтаи Раҳимов, тамоми ин хонаҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Қирғизистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо манзили зист ба коми оташ фурӯ рафтанд.

Раҳбарони нави "Имон" гуфтанд, саҳмияҳои муассисаро бо нархи бозор харидаанд. ВИДЕО

Раҳбарони нави "Имон Интернешнл" мегӯянд, ин муассисаро бо нархи бозор харидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Моликони нави “Имон интернешнл” дар шаҳри Хуҷанд мегӯянд, бастаи саҳмияҳои ин ташкилоти молиро аз соҳибони пешинаи он бо нархи бозор харидаанд. Ин нукта дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд рӯзи 28-уми июл садо дод.

Пештар муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ошкор карда буданд, ки "Имон интернешнл" дар як амалиёти печида ва шубҳанок аз дасти муассисони тоҷикистониаш бо нархи арзон гирифта шуда, соҳибкори итолиёвӣ Винчензо Транӣ бастаи асосии саҳмияҳоро ба даст овард.

Муаллифони таҳқиқ навиштаанд, дар харидани саҳмияҳо, соҳибкори итолиёвӣ аз пуштибонии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор буд.

Моликони нав фошкориҳои журналистони таҳқиқгарро бепоя хонданд. Александр Ерёмин, раиси Шӯрои нозирони “Имон интернешнл” гуфт, “мефаҳмед, агар ин матлаб асос медошт, мо ҳоло шоҳиди бозпас гирифтани амонатҳо мешудем. Зеро агар туро ба фаъолиятҳои ношаффоф айбдор кунанд, муштариҳо безобита шуда, мераванд."

Дар тақвияти ин иддао худи Ерёмин гуфт, сармоягузорони “Имон интернешнл” ҳамкориро бо ин ташкилот қатъ накарда, балки идома медиҳанд. Ӯ афзуд, ахиран Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои “Имон интернешнл” 4 миллион доллар қарз ҷудо кард.

Дар ин нишаст ҳамчунон гуфта шуд, хариду фурӯши саҳмияҳои Имон интернешнл” зери назари мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт ва хилофкорие дар он рӯй надодааст.

Хариду фурӯши "Имон интернешнл", ки баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст, моҳи марти соли 2021 анҷом шуд. Бар асоси он, ширкати Mikro Kapital, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки рушди соҳибкории FMO-и Ҳолланд ба сурати умум 43,5 дарсади саҳмияҳои Imon International-ро, ки дар дасти саҳоми асосии он -- Фонди хурди қарздиҳии "Имон" буд, ба 5,4 миллион доллар хариданд.

"Имон интернешл" яке аз ниҳодҳои фаъоли қарзӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки соли 2005 аз сӯйи Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова ташкил шуд. Ҳадафи онҳо аз ибтидо расондани хадамоти молиявӣ ба занони соҳибкор буд.

Ташкилоти "Имон интернешнл" дар солҳои охир ба яке аз иштирокчиёни асосии бозори бонкии Тоҷикистон табдил шуд ва аз сармоягузорони хориҷӣ маблағҳои калони қарзӣ ҷалб кард. Мушкил дар кори "Имон интернешл" соли 2017 оғоз шуд.

Дар он сол Бонки Миллӣ эълон кард, ки дар кори "Имон" ва бонки "Эсхата" камбудҳои зиёд ошкор шудааст. Дар пайи эълони Бонки Миллӣ, роҳбарияти онвақтаи "Эстаха" ва "Имон" аз мақомҳояшон барканор шуданд. Чанде баъд Бонки миллӣ бо судури як қарор фондҳоеро мисли «Имон» уҳдадор кард саҳмияҳошонро фурӯшанд. Ин қарори Бонки миллӣ ба Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова интихоберо ҷуз фурӯхтани саҳмияҳояшон нагузошт.

"Барқи тоҷик" қарзи аҳолиро 1,3 миллиард сомонӣ шумурд. Хабарнигорон эътироз карданд

Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ 1,3 миллиард сомонӣ қарздор аст. Баъзе аз хабарнигорон дар нишасти матбуотии масъулони ширкат ин оморро ба баҳс кашиданд.

Исмоил Маликов, масъули “Шабакаҳои тақсими барқ”, рӯзи 29-уми июл гуфт, имсол қарзи аҳолӣ дар назди барқ зиёд нашуда, 1,3 миллиард смонӣ қарзе аст, ки солҳои пеш ҷамъ шудааст. «Имсол, баръакс, аҳолӣ пешпардохт доштанд», -- афзуд ӯ.

Мавзӯи қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ миёни хабарнигорон ва масъулони “Барқи тоҷик” баҳси гармеро ба миён овард. Чанд хабарнигор худашонро мисол оварда, гуфтанд, «агар ҳаққи барқро пардохт накунӣ, нозири барқ симро мебурад.»

Масъулини “Барқи тоҷик” чанд дафъа талош карданд, собит кунанд, ки омори қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ дуруст аст. Даъвоҳои ширкат дар бораи қарздории аҳолӣ солҳои пеш ҳам шубҳаву гумонҳои зиёдро ба миён оварда буд. Аз рӯи омори “Барқи тоҷик” аҳолӣ бузургтарин қарздор аст.

Инҳо низ аз «Барқи тоҷик» қарздор будаанд:

  • Талко – 422 миллион сомонӣ;
  • Оҷонси беҳдошти замин – 333 миллион сомонӣ;
  • Хоҷагиҳо – 201 миллион сомонӣ;
  • Соҳаи обу корез – 52 миллион сомонӣ.

Дар ҳамин ҳол, як масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, қисми асосии қарзи аҳолӣ маблағе аст, ки 10-20 сол пеш ҷамъ шуда, бояд бахшида шавад.

"Масалан, як қисми маблағ қарзи колхозҳо аст. Колхозу совхозҳо дигар нестанд. 10 сол пеш аудиторони байналхалқӣ тавсия доданд, ки як қисми ин қарз ҳамчун қарзи беэътимод бахшида шавад. Вале ин кор то ҳол сурат нагирифтааст", -- гуфт масъули «Барқи тоҷик» бе зикри номаш.

Коршиносон сабабҳои ин мушкилро ба мудирияти нодуруст рабт медиҳанд. Айни замон баъзе аз кормандони ширкат бе зикри номи худ мегӯянд, қарзҳои зиёд умдатан аз корхонаву шахсонест, ки ба хешовандони мансабдорон тааллуқ доранд.

Дар "Барқи тоҷик" гуфтанд, нархи барқ боло меравад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар

Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, нархи истифодаи барқ имсол дар Тоҷикистон гарон мешавад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар.

Рустам Маҷидзода, сардори департаменти иқтисод ва молияи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 29-уми июл гуфт, нархи барқро «як гуруҳи корӣ дар назди Хадамоти зиддиинҳсорӣ муайян мекунанд».

Масъули “Барқи тоҷик” афзуд, онҳо хароҷоти худро ба ин гуруҳи корӣ пешниҳод кардаанд ва дар ниҳоят ҳукумат тасмим мегирад, ки нархи барқ чӣ қадар бошад.

Рустам Маҷидзода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, арзиши асосии истеҳсоли як киловат барқ дар Тоҷикистон бе назардошти хароҷоти интиқол 20 дирам мебошад. Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси “Барқи тоҷик”, шарҳ дод, ки «арзиши аслии истеҳсоли барқ вобаста ба хароҷот метавонад зиёдтар бошад.»

Дар бораи боло рафтани нархи барқ рӯзи 12-уми июл вазири энержӣ ҳам суҳбат кард. Пештар баъзе аз сокинон аз ҳаргуна тасмими мақомот барои боло бурдани нархи барқ танқид кардаанд. Мақомот ҳамвора мегӯянд, нархи истифода аз барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ хеле поин аст.

Чанд созмони молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар чанд шарти худ ба Тоҷикистон боло бурдани қимати барқро зикр кардаанд.

Нархи барқ пайваста дар Тоҷикистон боло меравад ва танҳо соли гузашта ба хотири пандемия ҳукумат афзоиши нархи барқро манъ кард.

Тоҷикистон ба содироти барқ ба Афғонистон идома медиҳад

Хатти барқ дар Афғонистон

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, тасарруфи чанд минтақаи наздимарзӣ аз сӯи гуруҳи Толибон ба интиқоли барқ ба Афғонистон ягон таъсир нарасондааст.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 29-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, сарфи назар аз вазъи сиёсӣ содироти барқ ба Афғонистон идома дорад.

Муовини аввали раиси “Барқи тоҷик” афзуд, дар моҳҳои июн ҳолатҳои корношоям шудани симчӯбҳо сабт шудааст, аммо дар моҳи июл ин ҳолатҳо камтар буд. Аммо ин масъули “Барқи тоҷик” нагуфт, ки чӣ қадар симчӯбҳои интиқоли барқ хароб шудаанд.

Дар соли 2016 дар ҷараёни даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бағлон, як пояи хатти интиқоли нерӯи барқи баландшиддат тахриб шуда буд. Дар пайи он шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ шуд.

Маҳмадумар Асозода афзуд, дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон 457,9 миллион киловат соат барқ содирот шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” барқро асосан ба ширкати “Брешно”-и Афғонистон мефурӯшад. Нархи як киловат барқ барои Афғонистон 4,5 сент будааст.

Дар вилояти Кобул, Нангарҳор, Лағмон, Лугар, Пактико, Парвон, Панҷшер, Каписо ва Бағлон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекунанд.

Дар ду моҳи охир бахши калони минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба тасарруфи гуруҳи Толибон даромад ва нигарониҳо дар бораи таъмини амният зиёд шуд.

Песков гуфт, қароре дар бораи фиристодани нерӯ ба Тоҷикистон қабул нашудааст

Дмитрий Песков гуфт, аз ноамн шудани авзоъ дар Афғонистон "ҳама метарсад"

Мақомоти расмии Русия мегӯянд, ин кишвар ҳеч қароре дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагӣ барои кумак дар муҳофизати марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон қабул накардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфт, ончӣ ки дар Афғонистон мегузарад, мояи нигаронии амиқ барои Маскав аст. Ӯ афзуд: "Мо омодаем, дар муқобили хатарҳое, ки Афғонистон меоянд, дар канори муттафиқони худ биистем."

Песков гуфт, Владимир Путин ҳеч қароре дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба марзи Афғонистон қабул накардааст, вале аз тамринҳои низомии муштараке ёдовар шуд, ки қарор аст, ба зудӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад.

Аз ин пештар низомиёни Русия гуфтанд, ки аз 5 то 10-уми август дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон ва 20 километр дуртар аз сарҳади Афғонистон сарбозони Русияву Тоҷикистону Узбекистон машқҳои ҷангӣ баргузор мекунанд.

Дар ин размоиш бештар аз 1500 афсару сарбоз ширкат меварзанд ва роҳҳои маҳви гуруҳҳои мусаллаҳ ва муҳофизати иншооти муҳимро меомӯзанд.

Додситони кулли Тоҷикистон бо мақомоти Олмон "истирдоди ҷинояткорон"-ро баррасӣ кардааст

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, бо як сафари корӣ ба Олмон рафта, бо чанд мансабдори он кишвар дар бораи мубориза бо терроризму истирдоди гумонбарон ба ҷиноят суҳбат кардааст.

Дар шаш соли охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон паноҳанда шудаанд. Онҳо худро қурбонии саркӯб дар Тоҷикистон медонанд вале мақомот ба ифротгароиву ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ муттаҳам мекунанд.

Дафтари матбуоти Додситонии кул дар бораи ҷузъиёти суҳбатҳо, аз ҷумла оё дахл доштани ин сафар ба қазияи паноҳандаҳои сиёсӣ тафсилот надод.

Аммо бино бар иттилоияи расмии он, Юсуф Раҳмон рӯзҳои 27 ва 28-уми июл бо додситони кулли Олмон, додситони шаҳри Дюсселдорф ва мансабдорони Замини Рейни Шимолӣ-Вестфалия мулоқот кардааст. Минтақаҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ҳузур доранд.

Дар гузашта дар Вестфилия чанд чанд шаҳрванди Тоҷикистон дастгир ва иддае аз онҳо бо гумони ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

“Дар мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар, парвандаҳои ҷиноии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта... баррасӣ шуданд”, -- навишт дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, “сафар ҳанӯз идома дорад”, вале ҷузъиёташ дастрас нест.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳҷӯйӣ ва кору иқомат ва таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон рафтаанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели паноҳҷӯйӣ дар кишварҳои аврупоиро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохта ба зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро расман ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар муттаҳам кардаанд.

Амрико 645 кӯдакистон дар Узбекистонро бо ғизо таъмин мекунад

Яке аз кӯдакистонҳо дар Узбекистон

"Корпуси шафқат" - як созмони хайрияи Амрико бо мақомоти Узбекистон тафоҳумномаи ҳамкориро дар бахши таъмини ғизои кӯдакистонҳои Узбекистон имзо кард. Дар ин бора сафорати Узбекистон дар ИМА хабар дод.

Ин барнома бо буҷаи бештар аз 21 миллион доллар барои таъмини ғизои бештар аз 400 кӯдакистон ва таъмири 245 кӯдакистони дигар пешбинӣ шудааст. Барнома дар маҷмуъ беҳсозии таҳсил ва ғизои 90 ҳазор кӯдакро дар назар дорад.

Ба ҷуз ин, дар доираи барнома густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифати томактабӣ барои кӯдакони аз 3 то 7-сола мадди назар аст.

Намояндагии "Корпуси шафқат" дар Узбекистон пас аз танаффуси даҳсола моҳи марти соли гузашта дубора ба кор шуруъ кард.

Ҳушдори ВКД-и Русия ба муҳоҷироне, ки ҷангу ҷанҷол мекунанд

Боздошти муҳоҷирон дар Русия. Аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Русия ҳушдор дод, он шаҳрвандони хориҷие, ки дар занозаниҳои гуруҳӣ иштирок мекунанд, на танҳо аз Русия берун, балки “мамнуъ-ул-вуруд” хоҳанд шуд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ҳафтаҳои охир ҷанҷоли оммавии муҳоҷирон дар Русия зиёд шудааст.

Чунин ҳолатҳо дар Маскаву Санкт-Петербург, Амур, Свердловск ва Ҷумҳурии Доғистон сабт шуданд. Баъзе ин ҷанҷолҳо хушунат ва ҳамла ба намояндагони мақомотро низ дар пай доштааст. Ҳамчунин иштирокдорони занозаниҳо роҳҳоро баста, ба иншооти шаҳрӣ зарар расондаанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Русия иброз доштаанд, ки аксари муҳоҷирони ҷангҷӯ ҷазо гирифтанд. Онҳо 15 рӯз дар ҳабси маъмурӣ буда, сипас аз Русия депортатсия ё ихроҷ шуданд.

Як гуруҳ аз зодагони Осиёи Марказӣ рӯзи 12-уми июли имсол дар назди метрои Кузминки ҷанҷол карданд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, шаби 27-уми июл низ муҳоҷирон дар яке аз кӯчаҳои марказии Санкт-Петеребург занозанӣ карданд ва он бештар ба муҳорибаи бидуни қоида монандӣ дошт.

"Гуруҳи корӣ 40 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мушаххас кард"

Ин хонаҳо дар муноқишаи моҳи апрел сӯхтаву вайрон шудаанд

Қирғизистону Тоҷикистон 40 километри дигари марзро “мушаххас карданд”.

Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 29-уми июл Абдулат Мирзоев, узви Кумисюни ҳукуматии он кишвар дар мавриди таъину нишонагузории сарҳад иттилоъ дод. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

"Дар 3 мулоқоти охири гуруҳҳои кории ду кишвар 40 километри дигари марз мушаххас шуд. Моҳи август мулоқот дар Тоҷикистон дар нақша аст. Корҳо идома доранд, аммо мо гуфта наметавонем, ки масъала кай ҳал мешавад", - гуфт Мирзоев.

Аз 12 то 17-уми июл дар шаҳри Бишкек мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистон бо Қирғизистон баргузор шуд. Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти ин мулоқотро шарҳ надоданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва даҳҳо манзилу иншооти дигар вайрон шуд.

Тихановская гуфт, суҳбат бо Байден кӯтоҳ, вале пурмуҳтаво буд

Ҷо Байден ва Светлана Тихановская. Кохи Сафед, 28-уми июли 2021

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, рӯзи 28-уми июл раҳбари мухолифини Беларус Светлана Тихановскаяро дар Кохи Сафед ба ҳузур пазируфт.

Ӯ пас аз мулоқот иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳида талошҳои мардуми Беларусро барои демократия ва ҳуқуқи башар дастгирӣ мекунад.

Тихановская, ки ҳоло дар ғурбат ба сар мебарад, дар суҳбат бо телевизиони “Настояшее Время” гуфт, суҳбаташ бo Байден кӯтоҳ, вале пурмуҳтаво буд. Вай афзуд, дар симои Байден шахсеро дид, ки ба сарнавишти мардуми Беларус бетафовут нест.

Светлана Тихановская таъкид кард, дар суҳбаташ бо президенти Амрико паёми мардуми Беларусро расонида, хотирнишон кардааст, муборизаи беларусиҳо "сиёсати ҷуғрофиёӣ" нест.

Пешвои мухолифини Беларус бо ҳадафи дарёфти пуштибонии бештар аз ҷунбиши демократии Беларус дар муборизааш бо раҳбари худкома, Александр Лукашенко, 18-уми июл ба Иёлоти Муттаҳида сафар кард.

Гармии ҳаво дар Лахш боис ба канда шудани як пора пирях шудааст

Акс аз бойгонӣ

Бино бар гармии ҳаво як пора пирях дар кӯҳҳои Сугати минтақаи Лахш (Ҷингатоли собиқ) канда шудааст. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, яхпора маҷрои дарёи Тугат ва Сурхобро баст ва об қисме аз роҳи Ваҳдат-Лахш-Қирғизистонро зер намуд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 29-уми июл гуфтанд, оқибатҳои офати табииро бартараф карданд. "Равуои нақлиёт барқарор гардида, сатҳи оби дарёи Сурхоб назорат карда мешавад", -- гуфтанд дар Кумита. Ба иттилои Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво то 31-уми июл гарму хушк мемонад. Дар як қатор минтақаҳои кишвар эҳтимоли фаромадани селҳо мавҷуд аст.

Ба бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор кӯдаки тоҷик ваксина задаанд

Фалаҷи атфоле, ки дар Тоҷикистон сабт шуд, айни навъе аст, ки дар Покистон зиёд дида мешавад

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кард, ки дар даври дуввуми маъракаи ваксинзанӣ ба зидди фалаҷи атфол дар Тоҷикистон бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор кӯдак ваксина гирифтаанд.

Ин маърака баъди он оғоз шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар кишвар чанд мавриди сирояти фалаҷи атфоли навъи дуввум дар вилояти Хатлон сабт шуд.

Дар баёнияи созмон, ки рӯзи 26-уми июл нашр шуд, омадааст, аз 22-юми ноябри соли 2020 то 13-уми июли имсол 15 мавриди сирояти фалаҷи атфол ба кӯдакон дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Ин навъи беморӣ аз он навъи фалаҷ будааст, ки дар Покистон зиёд мушоҳида мешавад ва даври дуввуми ваксинзанӣ рӯзи 5-уми июл ба поён расидааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон ва маъмурони беҳдоштӣ аз моҳи март барои барномарезӣ ва анҷоми маъракаи ваксинзанӣ кор мекарданд ва бо вуҷуди авҷ гирифтани сирояти COVID-19 теъдоди зиёди кӯдакон ваксина гирифтаанд.

Дар баёния омадааст: "Дар даври аввали маъракаи ваксинзанӣ, ки моҳи июн ба поён расид, 99.2 дар сади кӯдакон ва дар даври дуввум 99.1 кӯдакон ваксина гирифтанд." Дар таъмин бо ваксина ва роҳандозии маърака Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, Бунёди Ҳимоят Аз Кӯдакони Созмони Милал ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон кумак мекунанд.

Тоҷикистонро аз соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи атфол ва ё полиомелит эълон карда буданд, ҳарчанд то соли 2010 мавридҳои алоҳидаи сирояти беморӣ ва маргу мири кӯдакон аз он сабт шуда буд.

Бори охир, 11 сол пеш, дар кишвар вируси ин беморӣ ба 458 кӯдак сироят кард ва 29 нафари онҳоро кушт. Дар миёни 458 нафар тақрибан нисфи онҳо кӯдакони аз 1 то 5-сола будаанд.

Қазоқистон ба Қирғизистон 25 ҳазор воя ваксинаи QazVac тақдим кард

Кӯмаки Қазоқистон ба Қирғизистон.

Рӯзи 28 июл аз Қазоқистон 25 ҳазор воя ваксинаи QazVac-и зидди коронавирус ба Қирғизистон ирсол шуд.

Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон гуфт, ин миқдор ваксина ҳамчун кӯмаки башарӣ ба Қирғизистон ирсол шудааст.

Ергалӣ Абдураимов, яке аз созандагони ваксинаи QazVac гуфт, ки то ин замон бештар аз 300 ҳазор кас дар Қазоқистон аз ин ваксина гирифтаанд.

Ба иттилои расонаҳо, истифодаи ваксинаи QazVac дар Қазоқистон 26 апрели соли ҷорӣ - пеш аз анҷоми марҳилаи севуми озмоиш - шуруъ шуд.

Ваксинаи QazVac дар Институти илмиву таҳқиқотии масоили амнияти биологии вазорати маориф ва илми Қазоқистон таҳия шудааст.

Додгоҳе дар Беларус телевизиони Belsat-ро "тундгаро" номид

Кормандони телевизиони Belsat

Додгоҳе дар Беларус телевизиони Belsat-ро, ки бо сармоягузории Лаҳистон (Полша) кор мекард, “тундгаро” номид.

Бастани дафтари ин телевизион дар Беларус як тадбири дигари мақомот дар амри саркӯби матбуоти озод ва ҷомеаи маданӣ мебошад.

Вазорати умури дохилии Беларус рӯзи 27-уми июл гуфт, ба ҳар нафаре, ки хабарҳои Belsat-ро паҳн мекунад, ҷарима ё ҳабс таҳдид мекунад.

Ин телевизион яке аз маъруфтарин пойгоҳҳои хабарии мухолифон аст, ки таҳаввулот дар Беларуси таҳти назари раҳбари худкома Александр Лукашенкоро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Бо амри додгоҳ, вебсайти ин телевизион ва тамоми саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста мешаванд. Лукашенко моҳи июл таҳдид кард, ки Беларусро аз фаъолон, матбуот ва ҷомеаи маданӣ “пок” мекунад.

Моҳи август аз интихоботи даъвоии президентии Беларус, ки ба қавли мақомот бо пирӯзии Лукашенко анҷомиду сабаби сар задани эътирозҳои сартосарӣ дар кишвар гардид, як сол пур мешавад.

Ба иттилои маркази ҳуқуқи башари “Весна”, танҳо дар моҳи июл дар ин кишвар беш аз 200 рейд дар дафтарҳои кориву хонаҳои фаъолону журналистон барпо шуд. Ҳоло 27 журналист дар ҳабс ё дар интизори мурофиаҳои додгоҳӣ қарор доранд.

Ду журналисти Belsat TV – Катерина Андреева ва Даря Чултсова ҳам дар зиндон ҳукми дусолаи ҳабсро пушти сар мекунанд.

Яке аз раҳбарони ин телевизион Алекси Дзикавитски гуфт, ки кори ин шабакаи телевизионӣ идома хоҳад ёфт.

Мансабдорони Тоҷикистону Русия гуфтанд, ки нафақаи муҳоҷиронро «ҳал карданд», аммо чӣ гуна? ВИДЕО

Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми кор дар Волгоград. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки созишномаро дар бораи нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия то охири имсол қабул мекунанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, 28-уми июл гуфт, созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирон яке аз санадҳое аст, ки то поёни сол миёни Душанбеву Маскав имзо хоҳад шуд. Вале ӯ ба суолҳои батакрори хабарнигорон дар бораи ҷузъиёти он маълумот надорад.

Ҳафтаи гузашта Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳам гуфта буд, ки созишнома дар бораи пардохти нафақа миёни Тоҷикистону Русия ниҳоӣ шудааст.

Сарвазири Русия, Михаил Мишустин, рӯзи 27-уми июл ба Вазорати меҳнат ва Вазорати корҳои хориҷии он кишвар дастур додааст, ки дар масъалаи созишномаи таъмини нафақаи муҳоҷирон бо мақомоти Тоҷикистон гуфтушунид кунанд.

Навори пурра аз нишасти матбуотии вазири меҳнату муҳоҷират:

Ҷузъиёти созишнома ва гуфтугӯи Тоҷикистону Русия дар бораи таъмини нафақаи муҳоҷирон рӯшан нест. Дар назар аст, ҳар ду ҷониб нафақапулиро барои муҳоҷирон вобаста ба андоз ё молиёти иҷтимоие, ки дар давоми солҳои корӣ дар ин кишварҳо супоридаанд, таъин хоҳанд кард.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар сохтмону бозорҳои Русия кор карда, оилаи худро таъмин мекунанд, вале ҳамеша аз он нигаронанд, ки дар айёми пирӣ аз нафақа маҳрум хоҳанд шуд.

Дар Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар кишвар расман кор накардаанд, ба миқдори 187 сомонӣ нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, ки ба қавли сокинон барои рӯзгузаронӣ кофӣ нест.

Пештар мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ҳаққи бознишастагии муҳоҷиронро бояд Русия бидиҳад, чун онҳо дар он кишвар кор мекунанд ва молиёт месупоранд.

Дар Русия ба ин фикр буданд, ки муҳоҷирон аз он кишвар ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар мефиристанд ва он бахши муҳими иқтисоди кишвар асту бояд давлат дар пирӣ ғами шаҳрвандонашро бихӯрад.

Ҳоло маълум нест, ду ҷониб ин баҳсро чӣ гуна ҳаллу ниҳоӣ кардаанд.

Вазири меҳнат пешниҳоди боло бурдани синни бознишастагиро дар Тоҷикистон напазируфт

Ширин Амонзода гуфт, барои боло бурдани синни бознишастагӣ дар Тоҷикистон "ҳанӯз вақт ҳаст"

Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди Оҷонси суғуртаи иҷтимоиро барои боло бурдани синни нафақа рад кардаанд, чун «ҳоло барои ин кор барвақт аст.»

Ҳафтаи гузашта масъулини Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфтанд, мехоҳанд, синни нафақаро барои мардон аз 63 ба 65 ва барои занон аз 60 ба 62 боло бибаранд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва муҳоҷират, рӯзи 28-уми июл гуфт, пешниҳоди боло бурдани нафақа аз сӯи мутахассисони Пажӯҳишгоҳи меҳнат санҷида шуд ва ба он «посухи рад доданд».

Ба гуфтаи Амонзода, “қабл аз ба тасвиб расидан ё тасмимҳо дар бораи қабули қарор, руҷуъҳои илман асоснокшуда бояд бошад. Баланд бурдани синни нафақа ҳанӯз дар Тоҷикистон барвақт аст.”

Дар Тоҷикистон мардон аз 63 ва занон аз 60-солагӣ бознишаста мешаванд. Масъулони Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ҳафтаи гузашта гуфтанд, ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, то синни нафақаро боло барад.

Вазири меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, дарозмурӣ барои мардон 75 ва барои занон 76 аст ва дар сурати боло бурдани синни нафақа “барои истироҳат ва фаъол нигоҳ доштани ҷисми инсон фурсати кам мемонад.”

Ба ҷуз аз синни нафақа, сокинон аз кам будани нафақапулӣ ҳам шикоят доранд.

Озарбойҷону Арманистон дар ҳодисаи ахир якдигарро гунаҳкор карданд

Сарбози артиши Арманистон дар посгоҳе воқеъ дар марз бо Озарбойҷон. Моҳи июни соли 2021

Озарбойҷону Арманистон, ки тирамоҳи соли гузашта як ҷанги шашҳафтаинаро дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ паси сар карданд, дар тирандозии ахир ҳам якдигарро гунаҳкор намуданд.

Ереван гуфт, дар ҳодисаи рӯзи 28-уми июл се сарбози Вазорати дифои Арманистон куштаву ду нафар захмӣ шуданд.

Масъулони Вазорати дифои ин кишвар гуфтанд, нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон "бо амали таҳрикомези худ бори дигар муқаррароти оташбасро дар қисмати шимолушарқи сарҳади Арманистону Озарбойҷон вайрон карда", ба сӯи ҳадафҳои Арманистон оташ кушоданд. Онҳо масъулияти ҳодисаро ба дӯши Озарбойҷон гузошта, айни замон гуфтанд, дар ҷониби Озарбойҷон ҳам талафоте будааст.

Дар навбати худ Вазорати дифои Озарбойҷон Арманистонро дар шиддатёбии вазъ гунаҳкор кард. Дар изҳороти Боку омадааст, ки нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба сӯи мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар ноҳияи Калбаҷар баъд аз нисфишаб оташ кушода, ду сарбози озариро захмӣ намуданд.

Шойгу гуфтааст, Русия ба Тоҷикистон ёрии иловагии низомӣ мекунад. ВИДЕО

Сергей Шойгу

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, гуфтааст, кишвараш барои муҷаҳҳаз кардани артиши Тоҷикистон иловатан силоҳу муҳиммоти ҷангӣ медиҳад.

Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки Сергей Шойгу 28-уми июл бо ҳадафи иштирок дар Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой вориди Душанбе шудааст. Ба иттилои манбаъ, «дар ҳошияи нишаст, ӯ бо Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, дидору мулоқот дошт».

Дар ин суҳбат масъалаи пешгирӣ аз хатарҳои амниятии бархоста аз вазъи Афғонистон таъкид шудааст.

Шойгу дар ин мулоқот гуфтааст, бар замми омода кардани кадрҳои низомӣ, Русия барои тақвияти артиши Тоҷикистон ба таври ройгон силоҳу муҳиммоти ҷангӣ медиҳад. «Барои рафъи хатар аз Афғонистон, Русия омодааст, ба Тоҷикистон ҳамаҷониба ёрӣ кунад», -- афзудааст ӯ.

Пас аз берун шудани нерӯҳои Амрико ва ҳампаймононаш аз Афғонистон, Толибон дар ин кишвар фаъол шуда, аз ҷумла сеяки хатти марзи Афғонистонро бо Тоҷикистон «ишғол кардаанд».

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба Тоҷикистон ёрии низомӣ ваъда дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG