Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 соат барқ дар 1 шабонарӯз


Ахиран беш аз 8 ҳазор киловатт/соат коҳиш додани миқдори неруи барқ дар водии Зарафшон боиси нигаронии сокинони ин минтақа гардидааст.

Зиннат Тоҷиева, як тан аз сокинони ноҳияи Панҷакент, ки дар хонаи бисёрошёна зиндагӣ мекунад, гуфт, дар ин сармои шадид, бориши зиёди барф ва набуди барқу газу об дар хонааш мушкилоти сангинеро ба бор овардааст. Ба замми ин, афзуд ӯ, ба маротиб коҳиш додани неруи барқ тайи як ҳафтаи ахир боиси сардии шадиди манзили зист ва ба бемориҳои гуногун мубтало гардидани кудакон гардидааст.

Вай гуфт, дар хонаҳои бисёрқабата имкони гузоштани бухорӣ нест ва ба замми ин як моҳ аст, ки интиқоли газ низ қатъ шудааст. Зиннат Тоҷиева афзуд, бо 3-4 соат барқе, ки дар шабонарӯзӣ дода мешавад, дар фасли сармо, ки ҳарорати ҳаво беш аз 20 дараҷа сард аст, хонаро ба ҳеҷ роҳ наметавон гарм кард.

Ҳамзамон як сокини ноҳияи Айнӣ гуфт, ки даҳ рӯз аст, ки аз рӯи меъёри ахиран муқарраршуда ба сокинони деҳот дар як шабонарӯз як соат барқ дода мешавад, ки боиси азобу азияти мардум, бахусус кудакон, гаштааст.

Дар ҳамин ҳол Юсуф Амонқулов, сармуҳандиси шабакаҳои барқи водии Зарафшон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз 475 ҳазор киловатт/соат неруи барқе, ки ахиран барои минтақаи Зарафшон муқаррар шуда буд, тайи як ҳафтаи ахир бо дастури мақомоти шабакаҳои барқи вилояти Суғд 100 ҳазори он коҳиш дода шудааст.

Назар ба гуфтаи масъулини шабакаҳои барқи водӣ, бинобар ҷоришудани маҳдудияти шадиди неруи барқ дар ҳоли ҳозир барои аҳолии марказҳои навоҳии водӣ дар як шабонарӯз 3-4 соат ва барои мардуми деҳот ҳамагӣ 1 соат шомгоҳон барқ дода мешудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сардии ҳаво дар водии Зарафшон шабона беш аз 20 дараҷа ва рӯзона 12-13 дараҷаро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG