Пайвандҳои дастрасӣ

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 141-ум


Федеросиюни байнулмилалии футбол – FIFA рейтинги тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро дар соли 2007 нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист миёни 207 дастаи мунтахаби ҷаҳон ба ҷои 141-ум фуромад, ки ин нисбат ба соли 2006 панҷ зина поин аст. Тоҷикистон алҳол миёни 46 дастаи мунтахаби қорраи Осиё дар мақоми 25-ум ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (66-ум), Қазоқистон (108-ум), Туркманистон (128-ум) ва Қирғизистон (138-ум) ҷойгир шудааст. Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал буда, дар феҳристи FIFA дар ҷойи 24-ум ҷойгир шудааст.

Аргентина дар садри феҳристи FIFA ҷой гирифтааст. Бразилия дуввум аст. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷойи севвум мебошад. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Испониё, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Фаронса, Португол, Ҳолланд ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Панҷ тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Ҷопон, Эрон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия ва Арабистони Саъудӣ.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG