Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис Патаркатсишвилиро меҷӯяд


Додситонии Гурҷистон сармоядори маъруф Бадрӣ Патаркатсишвилиро, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешавад, мавриди ҷустуҷӯ қарор дод. Ахиран додгоҳи Тифлис дар мавриди ба мӯҳлати ду моҳ ҳабс кардани тоҷири машҳур амр содир намуд. Аз ин пеш бо қарори додгоҳ ҳисоби бонкии Патаркатсишвилӣ дар Бонки Миллии Гурҷистон мунҷамид шуда буд.

Бадрӣ Патаркатсишвилӣ яке аз довталабони мақоми раиси ҷумҳури Гурҷистон буд ва аммо, тибқи иттилоъи расмӣ, аз ӯ ҳамагӣ 7 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раӣъ ҷонибдорӣ кардаанду халос. Айни ҳол Патаркатсишвилӣ дар хориҷи Гурҷистон ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG