Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раисони 6 ноҳияи Хатлон


Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон 16 январ раисони як қатор навоҳии вилояти Хатлон иваз шуданд.

Тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки зуҳри имрӯз эълон шуд, дар 6 ноҳияи вилояти Хатлон тағйироти зерини кадрӣ сурат гирифт:

Холов Комилҷон, раиси ноҳияи Ёвон аз вазифааш озод карда шуд ва Юсупов Бароталӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шуд.

Абдураҳмонов Саидумрон, раиси ноҳияи Панҷ, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи худ озод гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия Сабуров Мирзодавлат таъин гардид.

Раиси ноҳияи Фархор Бояков Ғулом аз вазифааш озод гашта, Ғаффоров Шариф иҷрокунандаи ин вазифа таъин шуд.

Абдуллоев Асадулло аз вазифаи раиси ноҳияи Хуросон озод карда шуда, Самадов Ҷаббор иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.

Шарипов Маҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрав барканор шуд ва Каримов Ҳаким иҷрокунандаи ин вазифа эълон шуд.

Сафаров Раҳматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Қумсангир озод карда шуд ва Наҷмудинов Сироҷидин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қумсангир таъин гардид.

XS
SM
MD
LG