Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никола Саркозӣ - дар Ховари Миёна


Раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ҳини дидор бо Салмон Абдулазиз ал-Саъуд, бародари малик Абдуллоҳ -раҳбари Арабистони Саъудӣ
Раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ҳини дидор бо Салмон Абдулазиз ал-Саъуд, бародари малик Абдуллоҳ -раҳбари Арабистони Саъудӣ

Боздиди раисҷумҳури Фаронса аз минтақа ҳадафи равобити хуби тиҷоратӣ доштан ва ё бозии хатарнок будани онро ба миён овардааст.

Ҷавоби он ба тасаввуроти худи Шумо вобастагӣ дорад. Вале мусаллам аст, ки оқои Саркозӣ як ҳафта машғули боздид мебошад. Ин боздид аз Арабистони Саъудӣ оғоз шуд ва ӯ дар ин кишвар бо малик Абдуллоҳ имкони интиқоли таҷҳизоти тавлиди неруи барқи ҳастаӣ ба Арбистони Саъудиро баррасиӣ кард.

Таври маълум Арабистони Саъудӣ яке аз кишварҳои аслии содиркунандаи нафт дар ҷаҳон аст. Бино ба гузоришҳо, Саркозӣ гуфтааст, як ҳайати коршиносони ҳастаии Фаронса барои додани маълумоти зарурӣ дар ин бора барои сафар ба Арабистони Саъудӣ омода шудаанд. Албатта боздиди Никола Саркозӣ бо Арабистони Саъудиву Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб маҳдуд нашудааст. Вай ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин дар бораи задубандҳое ба арзиши миллиардҳо доллар дар бахшҳои мухталиф - аз шабакаи нақлиётӣ гирифта, то фурӯши аслиҳа - гуфтугу кардаанд. Масалан, дар Қатар як ширкати фаронсавӣ бо номи «Эй-Ди-Эф» дар бораи тавсеъаи неруи ҳастаӣ ёддошти тафоҳум имзо кардааст.

Дар Иморот Муттаҳидаи Араб Саркозӣ қарордоди ҳамкориҳои ҳастаиро ба имзо расонд, то дар ин кишвар реакторҳои ҳастаӣ барои тавлиди неруи барқ ва тасфияи об сохта шавад. Ҳоло суоле пеш меояд, ки оё гузоштани таҷҳизоти ҳастаӣ дар ихтиёри кишварҳои ин минтақаи ноором, ки, ба истилоҳ, зодгоҳи терроризм аст, хатар надорад? Гузашта аз ин ин кишварҳо дорои захоири ҳангуфти энержии ҷаҳон мебошанд.

Марк Фитзпатрик аз пажӯҳишгоҳи байнулмиллалии мутолеъоти стротегӣ дар Лондон, мегуяд, Саркозӣ барои пешниҳоди неруи ҳастаӣ ҳам ҳадафҳои тиҷоратӣ ва ҳам ҳадафҳои стротегӣ дорад. Ҳадафи стротегӣ ҳамқадам нигоҳ доштани ин кишварҳо бо кишварҳои аврупоист, ба вижа бо назардошти чолишҳое, ки аз Эрон бармеояд.

Вале Ҳенри Соколский, коршиноси дигар аз маркази омӯзиши сиёсати манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ бо ин ақида розӣ нест. Вай гуфт, агар мо ба ҳар як аз кишварҳои ин минтақа, ки бо неруи ҳастаӣ кор доранд, назар андозем, мебинем, ки онҳо саранҷом ба барномаҳои эҷоди силоҳи ҳастаӣ ё талоше барои эҷоди он расидаанд. Ҳоло ақидае, ки ин дафъа мумкин аст чунин нашавад, умедест бар зидди ҳама сабақҳо.

Баҳсҳои маҳофили байналмиллалӣ бо Эрон ин аст, ки ин кишвар бидуни замонати байнулмиллалӣ мехоҳад ураниюми худро ғанӣ созад. Чунин кор ба Эрон имкон медиҳад, ки ба эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст ёбад.

XS
SM
MD
LG