Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи матбуоти Ғарб ба рӯйдодҳои ҷаҳон


Идомаи сафари Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико дар Ховари Миёна дар сархати ахбори ҷаҳон ва ҳамчунин матбуоти имрӯзи ғарб қарор дорад.

Рӯзномаи бритониёии «Таймс» навиштааст, Ҷорҷ Буш бо ҳадафи муқобилаи бештар ба Эрон шумори ҳампаймонҳои худ дар Халиҷи форсро меафзояд. Рӯзнома менависад, оқои Буш мавриди суханронӣ дар Абӯ-Дабӣ гуфтааст, амнияти ҷаҳон ба қуръа гузошта шудааст ва Амрико бо дӯстони худ кӯшишҳои таҳкими амниятро идома хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи итолиёвии «Карера дела сера» менависад, Ҷорҷ Буш ҳангоми сафари худ дар қалби Халиҷи Форс - дар кишварҳои исломӣ, ин бор Эронро дар «омодагӣ ба ҷанги сеюми ҷаҳон» муттаҳам накард, тавре ки дар моҳи октябри соли гузашта дар Вошингтон инчунин ҳарфҳоро дар муқобили Эрон фаровон истифода карда буд. Ба навиштаи рӯзнома, аммо маҳкум кардани режими Эрон, ки, ба ақидаи ӯ, дар худ экстремизмро таҷассум мекунад ва ба сулҳу оромиши ҷаҳон таҳдид дорад, иттиҳомоти панҷ сол қабл дар муқобили режими Саддом Ҳусейн эълонкардаро ба хотир меорад.

Рӯзномаи «Таймс», чопи Ландан, ҳамчунин хабар додааст, таҳқиқоти анҷомшуда, ки дар он гуфта мешавад, ба дунболи ҳамлаи Амрико ба Ироқ 650 ҳазор нафар кушта шудааст, қисман аз сӯи миллиардери антимиллитарист Ҷорҷ Сорос саромоягузорӣ шудааст. Рӯзнома навиштааст, аз 50 ҳазор фунте, ки барои ин таҳқиқот харҷ шудааст, тақрибан нисфи онро Сороси 77-сола пардохт кардааст. Аммо «Таймс» афзудааст, бар тибқи таҳқиқоти наве, ки «The New England Journal of Medicine» анҷом додааст, шурӯъ аз соли 2003, замони ворид шудани нерӯҳои эътилофи таҳти сарварии Амрико ба Ироқ дар ин кишвар 151 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Рӯзномаи инглисии «Дейли телеграф» дар як матлаб навиштааст, ки Нодира Алиеваи узбак, раққосаи яке аз фароғахонаҳои шабонаи Тошканд, Крейг Мюрей, сафири собиқи Бритониё дар Узбакистонро ба «дом»-и худ афтондааст. Ба навиштаи рӯзнома, Нодира Алиева тақрибан ду баробар аз оқои Мюрей хурд аст ва ҳанӯз дақиқ накардааст, ки ба кадоме аз се ошиқе, ки дорад, ба шавҳар барояд, вале ҳанӯз бо сафири собиқи бритониё муносибатҳои наздик доранд ва як ҷо зиндагӣ мекунанд.

Крейг Мюрей замони сафири Бритониё дар Узбакистон будан аз ҳамсари худ, ки бо ӯ 20 сол зиндагӣ карда буд, ва ду фарзанд доранд, ҷудо шудааст. Дар моҳи августи соли 2003 оқои Мюрейро ба Ландан бозпас хонда ӯро бо 18 банди вайрон кардани тартибот муттаҳам донистанд. Ва яке аз ин иттиҳомҳо он будааст, ки гӯё Крейг Мюрей бар ивази алоқаи ҷинсӣ раводид медодааст.

Ва нашрияи амрикоии «Тайм» бо манзури як таҳқиқоти ахири олимон суол гузоштааст, ки «Оё динозаврҳоро ҳашарот маҳв кардааст?». Ба навиштаи нашрия, тахминҳо дар мавриди сабабҳои маҳви динозаврҳо зиёданд, аз ҷумла бархӯрди кадом як метеорит ба Замин, ки боиси пайдоиши абрҳои ғализ дар фазо, сардшавии шадиди ҳаво ва нестшавии бисёре аз навъҳо рустаниву ҷонварон гаштааст. Аммо менависад, олимон ба ин назария ҳеҷ гоҳ сад дар сад қоил набуданд. Ва ба навиштаи нашрия, Ҷорҷ ва Роберт Пойнар, зоологҳои амрикоӣ, ки ҳашароти атиқаро меомӯзанд, ба чунин хулоса омадаанд, ки инчунин ҳашарот яке аз ангезандагони вируси маризиҳои мухталиф ба тани динозаврҳо буда, боиси заъиф шудани ҷисми онҳо, мунтазам ба ҳодисаҳои табиат таҳаммулнопазир гаштан ва оқибат маҳв гаштани динозаврҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG