Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия мегӯяд, "нӯшдору"-и Косоворо ёфтааст


Сербия хабар дод, ки барномаи амали худро дар ҳолати эълони истиқлолияти Косово омода кардааст. Дар изҳороти расмӣ ҷузъиёти тарҳи тавқифӣ офшо нашудаааст, аммо мақомоти давлати Сербия дар гузашта гуфтаанд, бо ҳар давлате, ки истиқлолияти Косовро ба расмият мешиносад, қатъи робита хоҳанд кард. Иёлоти Муттаҳида ва чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аллакай изҳор доштаанд, ки истиқлолияти яктарафаи Косовро эътироф хоҳанд кард. Чунин эъломияи аксарияти албанитабори Косово мумкин аст, дар моҳҳои наздик садо диҳад. Гуфтушунидҳои байнулмилалӣ дар ин масъала дар ду соли охир ягон натиҷа надодаанд.
XS
SM
MD
LG