Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи моҷарои деҳаи Зайнабобод


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, ки ҳатман хонаҳои деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, бардошта мешаванд ва дар иваз ба соҳибони онҳо аз тарафи давлат ҳеҷ кумак ва ё ҷуброн дода нахоҳад шуд.

Ҳасан Азимов мудири комбинати мурғпарварии ноҳия,ки дар фурӯши ғайриқонии замин айбдор дониста мешавад, 73 гектар заминро дар ивази 500 ҳазор сомонӣ ба мардум фурӯхтааст ва феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Бобоҷон Бобхонов афзуд, имкон дорад зарари афроди фиребхӯрда, яъне онҳое, ки аз ӯ замин харидаанд, аз ҳисоби оқои Ҳасанов пардохта шавад.
Вале сокинони маҳаллаи Зайнабобод аз ин шеваи халли мушкилоти манзили худ розӣ нестанд ва бовар надоранд, ки зарари ворида ба онҳо ҷуброн карда хоҳад шуд. Биҳаво Аъзамқулова, як сокини Зайнабобод мегӯяд, ки манзили вай ва ҳамсояҳояшро зӯран тахриб мекунанд. Вай ва беш аз 100 нафар ҳамсояҳояш, ки дар сохтмони манзилҳояшон маблағҳои зиёде масраф кардаанд, ҳоло дар ин сармои зимистон бо кӯдакони хурдсол бехона мондаанд ва ҷои зисте ҳам надоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, бино бар маълумоти додситонии кулли Тоҷикистон, Ҳасан Азимов, собиқ мудири комбинати мурғпарварии ноҳияи Рудакӣ аз ҳисоби фурӯши ғайриқонунии замин ба маблағи 500 000 сомонӣ сӯд кардааст, аммо ба мардум беш 8 миллион сомонӣ зарари молӣ расонидааст.
XS
SM
MD
LG