Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон барномаи ҳастаияшро бояд рушан кунад


Оҷонси Байнулмилалии неруи ҳастаӣ ба Теҳрон чаҳор ҳафта мӯҳлат дод, то ҳама масоили марбут ба барномаи ҳастаии кишварро рушан кунад. Дирӯз Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ - раҳбари рӯҳонии Эрон гуфт, ягон далеле мавҷуд нест, ки барномаи ҳастаии Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Милал баррасӣ шавад.

Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, Хоманаӣ дар мулоқот бо Муҳаммад Ал Бародеӣ - раиси Оҷонси байналмиллалии неруи ҳастаӣ дар Теҳрон изҳор доштааст, ки аз ин ба баъд фақат ин Оҷонс бояд бо масъалаи барномаи ҳастаии Эрон машғул шавад. Раҳбари рӯҳонии Эрон ҳамчунин изҳор доштааст, ки фишори Амрико болои барномаи ҳастаии кишвар наметавонад рӯҳи Эронро шиканад.

XS
SM
MD
LG