Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи ширкати "AES" аз Тоҷикистон


Ширкати «AES Corporation»-и амрикоӣ, ки ба масоили сармоягузорӣ дар бахши энержӣ расидагӣ мекунад, қасд дорад фаъолияти худро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон муваққатан қатъ намояд.

Ҳадаф аз намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон иҷрои чанд тарҳи энержӣ буд, ки ба мақсади бо барқ таъмин кардани Афғонистон ва Покистон тарҳрезӣ шуда буд. Дилшод Исматуллоев, менеҷери намояндагии ҳамин ширкат дар шаҳри Душанбе, гуфт, дар бораи иҷрои чанд тарҳ миёни мақомоти Тоҷикистон ва ширкати «Silk Road Inc.» - бахши «AES Corporation» як протокол ба имзо расида буд.

Дилшод Исматуллоев дар ин бора гуфт, ширкати мо бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи чанд тарҳ, аз ҷумла эҳдоси хати интиқоли барқ ба Афғонистон ва хати интиқоли барқ бо ба Пешовари Покистон аз тариқи Афғонистон протоколеро имзо карда буданд. Қарор буд, ширкати AES Corporation барои ин тарҳҳо ва эҳдоси неругоҳҳои обӣ ва ҳароратӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Вай афзуд, дар бораи далелҳои ба таъхир афтодани фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон иттилоъе дар қдаст надорад.

Ҳамзамон Марат Кожахметов, раиси намояндагии «AES Corporation» дар Осиёи Марказӣ, ки дар Қазоқистон мустақар аст, гуфт, ба иллати бархе аз омилҳо ин ширкат фаъолияти худ дар Тоҷикистонро муваққатан қатъ хоҳад кард. Вале оқои Кожахметов аз тавзеҳи ин иллатҳо, ки ба гуфтаи ӯ, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон рабте надорад, худдорӣ кард. Марат Кожахметов гуфт, дар таърихи 17 январ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд ва дар гуфтугу мақомоти вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон ва ҳамчунин ширкати «Барқи тоҷик»-ро дар ҷараёни далоили ба таъвиқ андохтани фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон қарор хоҳад дод.

Тоҷикистон рушди бахши энержиро дар авлавияти фаъолияти давлат қарор додааст. Ва ин ҷумҳурӣ ба сармояҳои хориҷӣ дар ин бахш ниёз дорад. Пас саволе ба миён меояд, ки ба чӣ далел ширкати «AES Corporation», ки омода аст дар тарҳҳои энержӣ сармоягузорӣ кунад, аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дилсард шудааст? Ин мавзуъро дар гуфтугу бо Рашид Гулов, раиси идораи энержии ширкати «Барқи тоҷик» дар миён гузоштем.

Рашид Гулов аз фаъолияти нокофии ин ширкат изҳорӣ норозигӣ кард ва гуфт, Чин, Русия ва Эрон дар ин замина бо мо ҳамкорӣ доранд. Бигзор Амрико низ дар ин замина бо мо ҳамкорӣ кунад. Ба шарте, ки ҳадафҳои ин ширкат муғойир ба ҳадафҳои миллии Тоҷикистон набошад.

Аз изҳори назари Рашид Гулов аз ширкати «Барқи тоҷик» чунин ба назар меояд, ки далели аслии идома наёфтани ҳамкориҳои ширкати «AES Corporation»-и амрикоӣ бо Тоҷикистон ҳадафи барномаҳои энержии ин ширкат дар Тоҷикистон аст. Аммо ба эътиқоди бархе аз коршиносон, далели аслӣ мавзуъи масрафи сармояҳо дар иҷрои тарҳҳост, ки ин ширкати амрикоӣ омода нест, ин сармояҳоро дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG