Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА ба соҳили ғарбӣ ташриф овард


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш барои мулоқот бо раҳбарони фаластинӣ вориди соҳили ғарбии рӯди Урдун шуд. Дар шаҳри Ромаллоҳ президенти ИМА-ро раҳбари идораи мухтори фаластиниҳо Маҳмуд Аббос пешвоз гирифт. Қабл аз омадани Буш ба ин шаҳр ҳазорҳо афсари полиси фаластинӣ амалиёти фавқулодаи амниятӣ роҳандозӣ намуданд.
Дар ҷараёни аввалин боздиди расмӣ аз Исроил ба ҳайси президенти ИМА Ҷорҷ Буш саъй дорад то охири даври раёсатҷумҳуриаш, яъне моҳи январи соли оянда имзои созиши сулҳи миёни исроилиҳову фаластиниҳоро ташкил намояд.
Исроил талаб дорад, ки раҳбарони фаластинӣ ба хушунат дар муқобили Исроил хотима бахшанд ва аз ҷумла мушакборони Исроил аз қаламрави Ғазза мутаваққиф гардад. Сар аз моҳи июни гузашта Ғазза таҳти назорати ҷумбиши исломии Ҳамос қарор дорад.
Фаластиниҳо мехоҳанд, ки ИМА рӯи Исроил фишор орад, то давлати яҳудӣ бунёди маҳаллаҳо дар манотиқи ишғолшударо қатъ кунад.
Баъди сӯҳбат бо Аббос президент Буш ба шаҳри Байтлаҳм: зодгоҳи Исои Масеҳ ташриф меорад.
XS
SM
MD
LG