Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ленинро ба коммунистон набахшиданд


Охирин ҳайкали Ленин дар ш. Душанбе
Охирин ҳайкали Ленин дар ш. Душанбе

Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон қарор карда буд, ки охирин муҷассамаи Ленинро аз порки марказии фарҳангиву фароғатии Душанбе бардорад.

Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки баъди барафкандани ҳайкали мазкур онро ба ихтиёри Бунёди ҳунари Тоҷикистон диҳад.
Ҳамин тариқ, тақозои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон аз давлати кишвар ҷиҳати интиқоли ин муҷассама ба ситоди ҳизб, воқеъ дар шаҳри Душанбе, бидуни натиҷа анҷомид.
Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ, иброз намуд, ки то кунун дар ин робита аз мақомоти кишвар ҳеч посухе дарёфт накардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин муҷассамаи Ленин як ёдгории таърихӣ маҳсуб мешавад ва бар асоси қонун таҳти ҳимояти давлат қарор дорад ва, аз ин рӯ, ба эътиқоди вай, шаҳрдории Душанбе дар мавриди он ҳаққ надорад аз пеши худ тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG