Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Ал Бародаӣ ба Теҳрон меравад


Муҳаммад Ал Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ - ахири ин ҳафта ба Теҳрон сафар хоҳад кард, то масоили боқимонда доир ба барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эронро баррасӣ кунад. Сухангӯи оҷонси мазкур эълом кард, ки Муҳаммад Ал Бародаӣ рӯзҳои ҷумъа ва шанбе ба Теҳрон хоҳад рафт. Вай афзуд, ки мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ пеш аз додани замонат аз барномаҳои атомии Эрон мехоҳад, то ҷузъиёти фаъолиятҳои гузашта ва ҳозираи атомии Эронро рӯшан кунад, Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасди сохтани бомби атомиро дорад, иддаое, ки пайваста аз сӯи Эрон рад шудааст.
XS
SM
MD
LG