Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари демократҳои Суғд боз нав шуд


Бахши ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷиноҳи Искандаров дар вилояти Суғд сарвари навро интихоб кард. Файзулло Файзиев, сарвари созмони ҳизби демократӣ дар Хуҷанд, бо аксари орои аъзои раёсат дар конфронси навбатии вилоятӣ аз миёни чаҳор номзад дар вазифаи раҳбарии бахши суғдӣ Ҷумъабой Ниёзовро иваз кард.

Бо ҳамин дар тӯли чаҳор моҳи ахир демократҳои Суғд маротибаи сеюм раҳбари худро иваз карданд. Файзулло Файзиев, раҳбари тозаинтихоби демократҳои Суғд, ҷиноҳи Искандаров, гуфт, вай фаъолияти худро дар симмати нав аз таҳкими мавқеъ ва фаъолияти ҳизби демократӣ дар Суғд оғоз кардааст. Вай афзуд, ки раҳбарияти нав дар назди масъулини созмонҳои худ дар шаҳру навоҳии Суғд, қабл аз ҳама, ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва муайян кардани аъзои воқеии имрӯзии ҳизби демократ, боз ва фаъол кардани идораҳои ин ҳизб ва муҳимтар аз ҳама, шурӯъи омодагӣ ба интихоботҳои ояндаро вазифа гузоштааст.

Ба гуфтаи оқои Файзиев, қаблан дар ҳизб тақрибан 3 ҳазор узв номнавис шуда, аммо дар ҳоли кунунӣ теъдоди умдаи онҳо аз фаъолияти ҳизбӣ канор рафтаанд. Аз ҷумла, теъдоди умдаи демократҳои Суғд мадрикорӣ дар Русияро ихтиёр кардаанд. Ҳамзамон чунин ба назар мерасад, ки баҳси чаҳормоҳа миёни демократҳои ҷиноҳи Искандаров дар Суғд, сари ҷойгузин кардани раҳбари нави минтақавӣ поён ёфтааст. Дар авоили моҳи сентябри соли гузаштаи 2007 аъзои раёсати созмони суғдӣ бо изҳори нобоварӣ ба раҳбари худ – Ҷумъабой Ниёзов ӯро аз симмати сарварии бахш барканор кард ва бар ҷои вай муваққатан муъовинаш– Абдуҷаббор Юлдошевро гузошт.

Оқои Ниёзов ин қарори раёсатро ғайриқонунӣ ва як кӯшиши табаддулоти дохилӣ дар ҳизб унвон кард ва гуфт, танҳо конфронс ва ё ҷаласаи умумии созмони суғдӣ ин гуна салоҳияти иваз кардани раҳбари минтақавии худро дорад. Аммо Раҳматулло Валиев, муъовини раиси ҳизби демократии ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандарови Тоҷикистон, ин даъвии ӯро рад кард ва гуфт, ин кор табаддулоти дохилиҳизбӣ набуда, балки як амали табиии интихоби раҳбари нав ва ҷоннок кардани фаъолияти созмони суғдӣ аст. Зимнан, масъулини ҳизби демократӣ эътироф мекарданд, ки кори фаъолияти созмонҳои онҳо дар шимоли Тоҷикистон дар тайи солҳои ахир ба заъф рӯ ба рӯ шудааст.

Аммо бо ин вуҷуд дар моҳи октябр боз ҳам аъзои раёсати бахши ҳизби демократӣ дар Суғд дар ҷаласаи худ қарори қаблии худро бекор карданд ва Ҷумъабой Ниёзовро дигарбора дар симматаш гузошт. Аммо то даъвати конфаронси ҳизбӣ. Ва инак, ба ҷои конфаронси ҳизбӣ боз ҷаласаи аъзои раёсат раҳбари нав – Файзулло Файзиевро раҳбари бахши суғдии ҳизи демократӣ таъин кард. Аммо ин навбат Ниёзов ба қарори аъзои раёсат мухолифат нишон надод.

Ҷумъабой Ниёзов, сарвари собиқи демократҳои Суғд дар ҷаласаи интихоби раҳбари нав номзадии худро аз миёни номзадҳои дигар бозпас гирифт. Вай ин иқдоми худро чунин шарҳ дод, ки чун ба ҳайси муовини аввал иҷрокунандаи вазифаи сарвари ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷиноҳи Искандаров мебошад, беҳтар мешуморад нафари дигар масъулияти раҳбарии созмони суғдиро бар дӯш дошта бошад. Аммо ҳамзамон оқои Ниёзов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид кард, аз эҳтимоли гароиши раҳбарони нави демократҳои Суғд ба сӯи давлат ва ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ истиқбол нахоҳад кард ва афзуд, чунин иқдом, агар сурат бигирад, аз ҷониби теъдоди умдаи демократҳои Суғд дастгирӣ нахоҳад дид.

Таҳлилгарони сиёсӣ Ҷумъабой Ниёзовро яке аз поягузорони ҳизби демократӣ дар Тоҷикистон меноманд, ки сарварии бахши ин ҳизб дар вилояти Суғдро аз замони таъсис дар соли 1990 –и милодӣ бар ӯҳда дошт. Пасон бо шурӯъи даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ва таъқиби демократҳои фаъол чун як нирӯи мухолифи давлати вақт се солро дар зиндон паси сар кард. Оқои Ниёзов дар тӯли солҳои 1996 – 1999 дар симмати сарварии ҳизби демократи Тоҷикистон ва пасон нахустмуовини раис фаъолияти ҳизбӣ пеш мебурд ва ҳамзамон дар соли 2003 раиси созмони суғдии ҳизби демократ интихоб шуд. Аммо ишораи ахири Ниёзов бар он буд, ки Файзулло Файзиев – сарвари кунунии созмони ҳизби демократӣ, ҷиноҳи Искандаров дар Суғд пеш аз интихоби худ ба ин симмат ақидаеро тарғиб мекард, ки ҳизбаш дар маъракаҳои сиёсӣ ва интихоботҳои раисҷумҳурӣ бо ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ ҷонибдорӣ кунад.

Оқои Файзиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мавқеи ҳизбии худро ингуна шарҳ дод, ки вай тарафдори ҳамкорӣ бо ҳизбу созмонҳо ва давлат аст, аммо на ҳамкории, ба таъбири худаш, «кӯр–кӯрона», балки огоҳона ва бо дарназардошти тақкими мавқеъу манфиатҳои сиёсии ҳизби демократӣ. Вай афзуд, "ҳамкорӣ кардан ин чунин маънӣ надорад, ки мо худро ба оғуши ҳизби ҳукмрон партоем ва ормонҳои ҳизбии худро фаромӯш кунем. Касе ки чунин фикр мекунад, ғалат мекунад. Имрӯз дар тамоми мамолики мутараққии дунё ҳизбҳои сиёсӣ ба хотири созандагиву ободкориву пешравии ҷомеа якҷоя фаъолият мекунанд. Аммо ҳамзамон ҳар ҳизб бо ақидаҳои худ мемонад. Аз ин рӯ, мо бо нигаҳ доштани роҳу равиши худ ҳамкорӣ бо дигар ҳизбу созмонҳоеро, ки барномаҳояшон бо мо монанд мебошад, радъ намекунем".

Вале оқои Файзиев афзуд, ин мавқеъи шахсӣ ва бардошти ӯ аз мавқеъи сиёсии ҳизби демократӣ, ҷиноҳи Искандаров аст. Зимнан, ҳизби мазкур мавқеи сиёсии худро дар соли гузаштаи 2006 дар анҷумани навбатиаш «мухолифати созанда» дар баробари давлати Тоҷикистон эълон дошта буд.

XS
SM
MD
LG