Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба ИМА: "Ал-Қоида"-ро дар инҷо наҷӯед!


Раисҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф
Раисҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф

Изҳороти Покистон дар бораи иҷоза надодани амалиёти низомии кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави Покистон дар ҳоле садо дод, ки Амрико мехост ба неруҳояш иҷоза диҳад, то дар Покистон амалиёти низомӣ анҷом диҳанд.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" дар шумораи рӯзи якшанбеи худ навиштааст, ҳукумати Амрико нақшаеро баррасӣ мекунад, ки дар сурати таъйиди ин нақша «Си Ай Эй» ё ЦРУ ва низомиёни Амрико бар зидди Толибон ва афроди Ал-Қоида дар Покистон амалиёт анҷом медиҳанд. "Ню -Йорк Таймс" навиштааст, сабаби баррасии чунин нақша ин аст, ки Толибон ва Ал-Қоида талош доранд вазъ дар Покистонро ноором кунанд. Дар бораи фаъолияти Ал-Қоида ва даст доштани афроди он дар куштори Беназир Бҳутто, раҳбари собиқи мухолифони давлати Покистон, дар матбуъот хабарҳои зиддунақиз дида мешавад. Ин ахбор бештар аз номи давлати Покистон нашр мешавад, вале дар бораи сиҳати он шаку тардид низ вуҷуд дорад.

Аз сӯи дигар, баъд аз дарёфти хабари баррасии амалиёти ниеруҳои Амрико бар зидди террористҳо дар Покистон Муҳаммад Содиқ, сухангуи вазорати хориҷаи ин кишвар, гуфт, мавзеъгирии Покистон дар баробари ҷанг бо террор хеле рушан аст ва он ин аст, ки ҳамаи амалиёт дар қаламрави Покистон танҳо тавассути неруҳои Покистон ва ожонсҳои амниятии он анҷом мегирад. Вай ба хабаргузории «Ройтерз» гуфтааст, ба ҳеҷ кишваре иҷоза дода намешавад, ки дар Покистон амалиёт анҷом диҳад ва ин масъала дар сатҳи олӣ баррасӣ шудааст. Генерал Воҳид Аршод, як мақоми аршади неруҳои мусаллаҳи Покистон низ ин нуктаро таъйид кардааст.

Аз муддатҳо қабл ин ақида вуҷуд дорад, ки дар маҳаллоти қабиланишини Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон Усома Бен Лоден ва муъовини вай Аймон Ал-Завоҳирӣ паноҳ мебаранд. Бино ба гузориши "Ню-Йорк Таймс", мушовирони аршади амниятии Ҷорҷ Буш, ба шумули Дик Чейнӣ, муъовини раисҷумҳур ва Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Амрико, роҷеъ ба ин масъала мунозира кардаанд, ки ба ЦРУ ва артиши Амрико иҷоза дода шавад, дар ҳамин манотиқ, яъне дар маҳаллоти қабиланишини Покистон даст ба амалиёт занданд.

Майкл Гриффин, коршиноси бритонёӣ дар умури Афғонистон, мегуяд, тарафи дигари масъала низ вуҷуд дорад, яъне ин амалиёт барои саркуб кардани тундравҳо анҷом мегирад, ё барои ташвиқи раҳбарони қабилаҳо, то аз толибон ҷонибдорӣ накунанд. Афғонистон талош дорад аз шеваи дуввум истифода кунад. Рӯзи якшанбе Толибон 8 раҳбари ислоҳотталаби қабилаҳоро, ки мехостанд бо неруҳои амниятӣ ҳамкорӣ кунанд, ба қатл расонданд. Гриффин, меафзояд, ба таври возеҳ сиёсати Покистон шабеҳи сиёсат дар Афғонистон аст, зеро ин ду кишвар ба масоили ҳамсон, яъне ташаккули ақвом, масъалаҳои тундравҳову ислоҳотталабон дар миёни аҳолӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Мисли Афғонистон тундравҳо албатта метавонанд аз роҳи суиқасду куштори раҳбарони ислоҳотталаб мардуми маҳаллиро тарсонанд.

Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон, дар як мусоҳибаи телевизюнӣ рӯзи якшанбе изҳор дошт, ки кишвараш дар ҷустуҷӯи бахусуси Усома Бен Лоден нест, зеро далеле дар ихтиёр надорад, ки Бен Лоден дар Покистон паноҳ мебарад. Вай афзуд, неруҳои кишвараш бар зидди террористҳову Ал-Қоида ва афроди Толибон амалиёт анҷом медиҳанд ва ин амалиёт ҷустуҷӯи Бен Лоден низ маҳсуб мешавад. Маҳмуд Алӣ Дурронӣ, сафири Покистон дар Амрико, дар тавзеҳоти суханони оқои Мушарраф гуфтааст, неруҳои кашфи Амрикову Покистон намедонанд, ки бен Лоден дар куҷост. Мумкин аст вай дар Афғонистон бошад, ё мумкин аст дар маҳаллоти қабиланишин бошад.

Ба ақидаи сафир, агар Покистон медонист, ки Бен Лоден дар Покистон аст, ӯро ихроҷ мекард. Бино ба навиштаи «Ню-Йорк Таймс», неруҳои кашфи Амрико, ки дар Афғонистон мустақаранд, дар мавориди зарурӣ метавонанд дар Покистони ҳамсоя барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ амалиёт анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG