Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Саакашвилӣ аз нигоҳи нашрияҳои русӣ ва ғарбӣ


Рӯзномаи русии «Известия» менависад, ки Михаил Саакашвилӣ даъвати сарони кишварҳоро ба маросими савгандёдкунии худ шурӯъ кардааст, ки дар сурати эъломи натоиҷи ниҳоӣ ин маросим дар нимаи дуввуми моҳи январ баргузор хоҳад шуд. Ва аммо, ҳамчунин менависад, нирӯҳои мухолиф эълони пирӯзии Саакашвилӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Гурҷистонро қабл аз вақт унвон мекунанд.

Рӯзномаи «Ле-Темпс»-и Швейтсария бо таваҷҷӯҳ ба маъракаи қаблазинтихоботии раёсати ҷумҳури Гурҷистон матлабе нашр карда ва навиштааст, ки ҳарчанд дар ду моҳи қабл мардуми ин кишвар ба муқобили сиёсати Михаил Саакашвилӣ ба майдон баромада буданд, аммо имрӯз аз ӯ ҳамчунин аз як ҳукумате, ки андешаи мустақилияти бештари Гурҷистонро дар сар дорад, пуштибонӣ мекунанд. Ва ҳамчунин, нашрия бо манзури назари сокинон ишорат мекунад, ки нирӯҳои мухолифини Михаил Саакашвилӣ аз сӯи Русия пуштибонӣ мешавад ва дар зимн аксари мардуми ин кишвар аз додани раъйи худ ба номзадҳои нирӯҳои мухолифин худдорӣ мекунанд.

Рӯзномаи олмонии «Шпигел» хабар додааст, ки 30 дарсади растанӣ ва ҳайвоноти Олмон зери хатари маҳвшавӣ қарор дорад. Нашрия навиштааст, мақомоти ҳифзи муҳити зисти Олмон мегӯяд, тағйироти иқлим афзоиши ин хатарро меафзудааст, ки як сабаби он зуҳури ҳашароти зиёновар ва маризиҳои кашфнашудаи ҳайвонот будааст. Ба гуфтаи рӯзнома, олимон таҳқиқ кардаанд, ки як сабаби дигари мусоидат ба маҳвшавии растаниву ҳайвонот, маҳдуд кардани муҳити зиндагии ҳайвонот ва растаниҳо дар кишварҳои мутараққӣ будааст, ки ба хотири истифодаи замин ва бунёди роҳу корхонаҳо макони зисти ин мавҷудоти табиатро зери хатари ҷиддӣ қарор медодаанд.

XS
SM
MD
LG