Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ба пирӯзӣ наздик аст


Шӯрои Аврупо аз мақомот ва мухолифини Гурҷистон даъват кард, ки аз хиради сиёсӣ кор бигиранд ва ба жарфтар шудани низоъ дар робита ба интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 5 январ роҳ надиҳанд. Терри Дэвис, раҳбари Шӯрои Аврупо гуфт, ки агар раҳбарони мухолифин дар бораи тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихобот далел доранд, онҳоро бояд ба ихтиёри нозирони байнулмилалӣ гузоранд.

Ба иттилоъи Комиссиюни Марказии интихоботи Гурҷистон, тибқи шумориши баргаҳо то ин лаҳза, беш аз 52 дар сади интихобкунандагон аз Михаил Саакашвилӣ пуштибонӣ кардаанд. Рақиби аслии ӯ , номзади мухолифин Левон Гачечеладзе тақрибан 27 дар сади ройҳоро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG