Ин нома ба унвони Раисиҷумҳур, Ҳукумат, Порлумон, Додситонии кул, Додгоҳи олӣ ва Вазорати адлияи Тоҷикистон ирсол гардааст.
Дар нома, аз ҷумла, омадааст, Вазорати адлия дар асоси маводди тақаллубии пешниҳод намудаи Абдуҳалим Ғаффоров, ба истилоҳ, қаноти ӯро чун Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шинохтааст ва ин дар ҳоле будааст, ки дар анҷумани соли 2004 Абдуҳалим Ғаффоровро раис интихоб намуда аз аъзои ин ҳизб танҳо 4 нафар ширкат намудаанд.
Ва он ҳам дар ҳолест, ки, омадааст дар нома, ҳанӯз соли 2000 А. Ғафоров аз сафи ин ҳизб хориҷ карда шудааст.
Мирҳусейн Нарзиев
Аммо Абдуҳалим Ғаффоров дар суҳбат бо родиюи «Озодӣ» бо такзиби далелҳои номаи кушоди ҷиноҳи Мирҳусейн Нарзиев иддаъо намуд, ки даъвоҳои Нарзиев бепоя буда, имрӯз 16 ҳазору 700 нафар аъзои ин ҳизб аз раисии ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.
Гузашта аз ин, ӯ гуфт, ки Нарзиев ва чанд нафари дигар ҳанӯз 3 сол қабл аз узвияти ҲСТ хориҷ шудаанд, ва дар ҳоле ки таййи ин се сол Нарзиев 28 маротиба ба додгоҳҳои кишвар шикоят бурдааст, додгоҳҳо ҳамеша ин қазияро ба нафъи ҷиноҳи Ғаффоров ҳал кардаанд. Абдуҳалим Ғаффоров мегӯяд, ӯ аз даъвоҳои Нарзиев хаста шудааст ва феълан маҷбур аст аз болои гурӯҳи Мирҳусейн Нарзиев ба додгоҳ шикоят барад.