Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон: охирин омодагиҳо ба интихобот


Пагоҳ дар Гурҷистон интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Михоил Саакашвилӣ, ки мехоҳад бори дуввум ин сематро ба даст орад бо шаш номзади дигар, аз ҷумла Бадрӣ Патаркатсишвилӣ ва Леван Гачечилидзе-номзадҳои мухолифон дар ин интихобот ширкат мекунанд. Имруз маълум шуд, ки ҳудуди 800 нозири хориҷӣ бар ҷараёни райдиҳӣ назорат хоҳанд кард. Дитер Боден-раҳбари ҳайати нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо чунин мегуяд:
"Мо мебинем, ки ин як корзори хеле сиёсист ва гоҳо мавзуъи мавриди баррасӣ нест. Ин, албатта, вижагии аслии интихобот аст. Ва мо мушоҳида низ кардаем, ки баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Дар феҳристи райдиҳандагон мушкилот мушоҳида шуд. Мо ёддошт гирифтем, ки дар баъзе мавридҳо мардумро тарсондаанд".
Агар дар даври аввали интихобот ҳеҷ як аз номзадҳо беш аз 50 дарсади ороро ба даст наорад, ду номзади пешқадам дар даври дуввум ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG