Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар канори як мактаби Диёрбоқир


Бар асари таркиш дар шаҳри Диёрбоқир, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия дасти кам 4 кас кушта ва беш аз 50 нафар ҷаҳроат бардоштанд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, як автобус бо низомиён дар ҳоле инфиҷор кард, ки аз канори мактаб мегузашт. Аксари қурбониён ва осебдидагон – сарбозҳо ва кудаконанд.

Дар Диёрбоқир, ки аслан шаҳри курднишин аст, гурӯҳи бузурги низомиёни Туркия мустақаранд, ки дар амалиёти низомӣ алайҳи ошубгарони курд дар қаламрави кишвар ва дар шимоли Ироқ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG