Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони номзадҳо ба мақоми президенти ИМА


Нахустин имтиҳони воқеъӣ имрӯз муайян хоҳад кард, ки кадоме аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳур дар Амрико дар миёни мардум маҳбубияти бештар дорад. Имрӯз дар аёлатии Айоваи Амрико раъйдиҳандагон дар ҳамоишҳои ҳизбҳо ҷамъ меоянд, то тарафдории худро аз номзади дихоҳашон аз Ҳизби Демократ ва ё Ҷумҳурихоҳи Амрико баён кунанд. Оне, ки номзади маҳбубтар дар аёлати Айова хоҳад шуд, аз миёни номзадҳои ҳизби худ шанси бештари пешбарӣ шудан ба мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро хоҳад дошт. Аз миёни демократҳо рақобат миёни се номзад Ҳилларӣ Клинтон, Барак Обама ва Ҷон Эдвардс шадид аст. Аз ҳизби Ҷумҳурихоҳ, губернатори собиқи аёлати Арканзас Майк Ҳаккабӣ назар ба номзади дигар губернатори собиқи аёлати Массачусетс Митт Ромнӣ пешсафтар аст. Интихоботи раёсати ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи ноябри имсол баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG