Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорат дар Тоҷикистон танзим мешавад


Соҳибкорони тоҷик пас аз вохурӣ бо раисҷумҳур Э. Рахмон, 25 декабри 2007
Соҳибкорони тоҷик пас аз вохурӣ бо раисҷумҳур Э. Рахмон, 25 декабри 2007

То кунун дар Тоҷикистон як қонуне, ки низоми тиҷорат дар кишварро ба танзим дароварад, қабул нашудааст ва Тоҷикистон аз охирин ҷамоҳири шӯравии пешин аст, ки тоза ин қонунро таҳия мекунад. Тибқи иттиллои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, барои бори авал аст, ки тарҳи қонун дар бораи танзими тиҷорат дар ин кишвар таҳия мешавад.

Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, ин тарҳ бо ҳадафи танзими фаъолияти тоҷирон, ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои тиҷоратии дохилӣ ва хориҷӣ ва фароҳам кардани шароити ҳуқуқии савдо дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳамчунин ин қонун заминаҳои қонунии сармоягузорӣ дар бахши тиҷорат дар кишвар ва аз сӯи дигар сармоягузории тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ ба ин ё он тарҳро мусойид хоҳад кард.

Тарҳи қонуни танзими тиҷорат дар ҳоле таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат ироа мешавад, ки дар мулоқоти президент Э. Раҳмон дар охири соли гузашта бо соҳибкорон бархе аз соҳибкорони тоҷик мудохилаи пайваста ва аксаран бемавриди мақомоти тафтишотӣ, молиёт ва гумрукро яке аз мавонеи ҷиддии рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ дар кишвар унвон карданд. Ба эътиқоди соҳибкорон, молиёти бамаротиб зиёд ба маҳсулоти воридотӣ ва набуди ҳеҷ гуна имтиёз барои корхона ва ширкатҳое, ки тоза ба тавлидот машғул мешаванд имконият намедиҳад, ки ин соҳа пешрав шавад.

Як тан аз тоҷироне, ки нахост номаш бурда шавад, дар ин бора гуфт, солҳои ахир вазниниҳо бар дӯши соҳибкорон омадааст. Ин ҳам бошад аз як тараф мавриди назорати зиёд қарор гирифтани фаъолияти тоҷирон, аз сӯи мақомоти давлатӣ мебошад; аз тарафи мақомоти прокуратура, аз тарафи идораи Тоҷикстандарт аз тарафи мақомоти андоз. Барои мисол андозбандӣ аз тарафи мақомоти андоз зиёд аст.

Ин дар ҳолест, ки ба бовари Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар лоиҳаи қонуни мазкур бархе аз имтиёзот барои тоҷирон ва ширкатҳои тиҷоратие, ки ба соҳаҳои мухталиф сармоягузорӣ мекунанд, дар назар гирифта шудааст. Аз тарафи дигар ин қонун имконияти роҳандозии тиҷорат дар Тоҷикистонро соддатар карда ва бар шаффофияти фаъолиятҳои бозаргонӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам месозад.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ дар ҷараёни омода кардани лоиҳаи мазкур фикру мулоҳизоти созмонҳои молиявии байналмилалӣ аз ҷумла пешниҳоду талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба эътибор гирифта шудаааст. Қарор аст тарҳи қонун дар бораи танзими тиҷорат дар яке аз ҷаласаҳои наздиктарини ҳукумат баррасӣ ва сипас барои тасвиб ба порлумони кишвар фиристода шавад.

XS
SM
MD
LG