Дар соли гузашта чандин барномаи нави "Озодӣ" мухлисони зиёд пайдо карда, барномаҳои дерина маҳбубияти бештар касб карданд. Сомонаи нави инетернетӣ бо тозатарин фанновариҳои мумкин шумораи бештари хонандагонро ҷалб кард. Шумораи боздидҳо аз ин сомона дар январи соли гузашта 174 000 ададро ташкил медод. Дар охирин рӯзи соли 2007 ин теъдод ба 420 000 ҳазор расид.
Нахустин бор дар соли 2007 хонандагони сомонаи мо аз фанновариҳои наве ба монанди Подкаст ва RSS истифода карданд, ҳарчанд шумораи онҳо ҳанӯз кам аст, вале бо суръат афзоиш меёбад. Орзуи солинавии мо ин аст, ки дар соли нав низ расонандаи тозатарин хабарҳо ба шумо бошем ва бо ҳамдигар наздикии бештар пайдо кунем ва ҳама бо ҳам барои беҳбуди вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистони азиз, рушди адлу инсофу ҳақиқату демократия, таҳкими сулҳу амният ва робитаҳои ҳасана ба кишварҳои ҷаҳон, одат ба фаъолмандии сиёсӣ ва ҳақталабӣ, мубориза бо фасоду ришват ва монанди инҳо талош варзем.
Ҳеч ҷомеа бе дастрасии озод ба иттилоъ пеш намеравад ва мо дар соли нав низ ҳамин гуна бо дили боз ва афкори рушан барои озодии маълумот ҳамчун пояи рушду инкишоф вазифаи ҳирфаии худро ба ҷо хоҳем овард. Орзу дорем, соли 2008 низ бо ҳам бошему саломату шоду сарбаланд. Бигзор соли 2008 соли ҷомаи амал пӯшидани ҳамаи орзуву ниятҳои нек бошад.