Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони тоҷик ва масоили рӯбарӯи онҳо


Имрӯзҳо ҷавонони тоҷикистонӣ масоили ба сарашон омадаро ба гунаҳои мухталиф ҳал мекунанд.

Ҷалол, як сокини 18-солаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар яке аз дуконҳои косетфурӯшии бозори ноҳия кор мекунад.
Ӯ соли ҷорӣ мактаби миёнаро хатм карда, орзуи дар оянда табиб шуданро доштааст. Аммо бо иллати набуди маблағ, мушкилоти фаровони иктисодию иҷтимоъӣ, ба вижа афзоши ҳодисаҳои ришвахорӣ, натавонистааст орзуҳои худро амалӣ созад: «Пули ба мактади олӣ дохил шудан нест, 1000 долар гуфтанд – ман шароит надорам. Агар имсол гаронтар шавад, боз ҳаракат мекунам, чунки ба донишгоҳ дохил нашавӣ дар оянда азоб мекашӣ».
Ҷалол мегӯяд ӯ дигар барои шомил шудан ба донишгоҳ танҳо бо роҳи дониши худ кӯшиш намекунад ва акнун танҳо дар пайи дарёфти маблағи зарурӣ аст. Ин дар ҳолест, ки таъмини оилаи 5-нафара низ ба души ӯ будааст. Ӯ бо 10 – 15 сомонии даромади ҳарӯзааш 3 бародар ва модари танҳояшро таъмин менамояд.
Ҷамол меафзояд, дар сурати ба даст наовардани маблағи зарурӣ рӯ ба муҳоҷират меорад: «Агар имкон шавад, имсол Русия меравам. Ягон ҳунар надорам, аммо мардикорӣ ва ҳар кори дигирро мекунам дар онҷо».
Дар ҳамин ҳол Манижа, як духтари рустоӣ бо дониши худ тавонистааст ба факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Манижаро чун аксари духтарони ноҳияи Панҷакент волидон иҷборан ба шавҳар медиҳанд ва оилаи ӯ баъди чанд моҳи издивоҷ
барҳам мехурад.
Бо вуҷуди ин, ба гуфти Манижа, ӯ баръакс барои пайдо кардани мавқеъи худ дар ҷомиъа ҳамоно талош мекунад: «Ман чи кор кардам? Барои ман охири дунё буд он лаҳза. Ман фикр мекардам, ки чи кор мекунам ва ба куҷо меравам. Ба деҳа баргашта наметавонистам».
Манижа мегӯяд имсол зиндагии ӯ ба куллӣ таъғйир ёфта, роҳҳои гуногуни рушд ба рӯяш боз шудаанд. Ӯ дар баробари таҳсил дар Душанбе бо созмонҳои мухталифи байнулмилалӣ ҳамкорӣ намуда, дар тренинг ва семинарҳои гуногуни омӯзиши низ ширкат кардааст: «Ҳозир ман донишҷӯ ҳастам. Зиндагии ман тағйир ёфт, ҳоло ман мехонам ва мекӯшам, ки қуллаҳои баланди зиндагиро фатҳ намоям».
Чунин ба назар мерасад, ки ноил шудан ба комёбиҳо барои теъдоди хеле ками ҷавонони рустоӣ даст медиҳад. Вале, агар куллан ба вазъи ҷавонони рустоӣ назар биафканем, дар зиндагии ағлаби онҳо таъғироти ҷиддиеро мушоҳида нахоҳем кард. Ҳамоно мушкилоти зиёди иҷтимоъӣ аз қабили бекории шадид, муҳоҷирати ҷавонмардон ба Русия, кори сангини саҳро, зиндагии якранги деҳа, бемориҳои мухталифи сироятӣ ва ғайра онҳоро домангир аст.
Манижа мегӯяд: «Ҳозир маблағи омада дар шаҳр хондан нест, дар донишгоҳ хонӣ ҳам, ҷои кор нест. Мардҳо ба мардикорӣ мераванд, занҳо чи? Аксари онҳо кӯшиш мекунанд, ки дӯзанда ё пазанда шаванд, аммо ин қадар дӯзандаву пазанда ба кӣ хизмат мерасонад? Умуман, ягон дигаргунӣ нест...»
Манижа мегӯяд дар ҷомиъаи Тоҷикистон, ки беш аз нисфашро ҷавонон ташкил медиҳад, масъулин барои беҳбуд ёфтани вазъи иктисодиву иҷтимоъӣ ва рушди фарҳангиву маънавии ҷавонон кори андакеро ба анҷом мерасонанд, ки ин як иллати афзудани ноумедӣ ва нигаронии ҷавонон аз оянда гаштааст.
XS
SM
MD
LG