Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои марказии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон сӯхт


Дар хиёбони ба номи Рӯдакии шаҳри Душанбе бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро оташ фаро гирифтааст.

Хабаргузории ТАР-ТАСС аз нақли додситони шаҳри Душанбе Қурбоналӣ Муҳаббатов овардааст, ки дар амалиёти хомӯш намудани сӯхтор 16 гурӯҳи хадамоти сӯхторнишонии маҳаллӣ ва хадамоти сӯхторнишонии пойгоҳи низомии Русия ҳамроҳ шудаанд.

Бинои марказии Донишгоҳи тиббӣ дар солҳои сиюми асри гузашта сохта шудааст ва дар он пояҳои чӯбин зиёд истифода шудаанд. Ба қавли афсарони хадамоти сӯхторнишонӣ, зоҳиран сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи хатҳои барқ мебошад. Оташ ба бом ва табақаҳои болоии бино хасороти зиёди молӣ расондааст, вале ба гуфти додситони шаҳри Душанбе, касе маҷрӯҳ нашудааст.
XS
SM
MD
LG