Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати генерали амрикоӣ аз ҷомеаи Ироқ


Як фармондеҳи олирутбаи амрикоӣ мегӯяд, суннимазҳабоне, ки ба зидди созмони Ал-қоида дар Ироқ меҷанганданд, бояд қадрдонӣ ва ҳамчун як бахши комили ҷомеаи Ироқ пазируфта шаванд, вагарна пешрафтҳои амниятии ба сахтӣ ба дастомадаи шаш моҳи гузашта аз даст хоҳанд рафт. Ин баёнияи фармондеҳи нерӯҳои амрико дар ҷануби Бағдод генерал Рик Линч баъд аз он садо дод, ки дар мавҷи тозаи хушунатҳо дар Ироқ дирӯз дасти кам 35 нафар кушта ва 90 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG