Пайвандҳои дастрасӣ

Шиносоии ҳувияти қурбониёни садама (рӯйхат)


Ҳувияти афроди кушташуда дар садамаи дирӯзи маршрутка бо қатор дар Душанбе, ки нӯҳ кушта бар ҷой гузошта буд, муайян шудааст.

Ин ҳодиса, пас аз зӯҳри дирӯз, 24 декабр, дар маҳаллаи мавсум ба Бетонкаи Душанбе рух дод. Се нафари дигар айни ҳол дар маризхонаи Қарияи Боло бистариянд.

Ҳувияти ҳашт қурбонии ин фоҷеа, ба истиснои шахсияти як мард маълум карда шудааст. Бино бар иттилоъи Бозрасии давлатии атвомобилӣ, афроде, ки дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд, инҳоянд:

- Эргашев Раҳматҷон, (соли таваллудаш 1949)

- Эргашев Фарҳод Раҳматҷонович, (1978)

- Холов Абдулло Раҷабович (1990)

- Мамадқулова Махфират (1993)

- Қурбонова Малика Муҳаммадҷоновна (1958)

- Қурбонов Фирдавс (1991)

- Қирғизов Дӯстмурод (1985)

- Раҳмонов Қурбоналӣ (1980)

Ду мусофири дигари ин маршрутка, ки ҷавонҳои навхат будаанд, пас аз муоинаи пизишк ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Бар пояи хабари БДА, ронандаи маршрутка, ки зиндаву саломат мондаву аз маҳалли ҳодиса фирор карда будааст, боздошт шудааст. Дар ҳоли ҳозир, тафтишот идома дорад, вале бино бар натоиҷи аввалия, гунаҳгори ҳодиса ронанда будааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG