Таксин Шинаватра, сарвазири собиқи Тоиланд, ки тирамоҳи соли гузашта бар асари кудатои низомӣ аз маснад канор рафта буд, рӯзҳои наздик ба ватан бармегардад. Дар ин бора ӯ дар як нишасти хабарӣ дар Ҳонконг ба думболи пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи порлумонии Тоиланд иттилоъ дод.
Тибқи иттилоъи пешакӣ, Ҳизби ҳукумати мардумии Таксин Шинаватра ба дарёфти аксари курсиҳои порлумон муваффақ нашудаааст ва аз ин рӯ барои ташкили эътилофи ҳукмрон бояд аз пуштибонии чанд ҳизби дигар бархурдор шавад.